расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Ошкор гардидани амалҳои мардумфиребӣ

. / Ҳаводис

Ошкор гардидани амалҳои мардумфиребӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия мардони 39 ва 42-солаи сокинони шаҳри Исфара бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуданд.
Номбурдагон, моҳи июли соли 2019 бо роҳи фиреб ба боварии марди 36-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, бо баҳонаи аз Федератсияи Россия дастрас намудани 2-адад автомашинаи тамғаи «Тайота-Кемри» аз ӯ 51 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидаанд.
Нисбати гумонбаршавандагон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Инчунин, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 25-солаи сокини ноҳияи Кӯшониён ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда бо роҳи фиреб ба боварии ширкати “Рентакарт” даромада, рӯзи 20-уми январи соли 2021, аз ширкати мазкур автомашинаи тамғаи “Тайота-Кемри-2”-ро, ба муҳлати 2-шабонарӯз иҷора гирифта, 22-юми январи соли 2021, ҳангоми дар ноҳияи Кӯшониён, қарор доштанаш ба ҷавони 26-солаи сокини ноҳияи мазкур автомашинаи шахсии худ гуфта, гарав монда, бар ивазаш 48 ҳазор сомонӣ гирифта, ғайб задааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.