расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Дар бозори “Султони Кабир”-и Душанбе сӯхтор сар зад (навшуда)

. / Ҳаводис

Дар бозори “Султони Кабир”-и Душанбе сӯхтор сар зад (навшуда)

Сурат: Asia-Plus
Шунавандагони радиои “Азия-Плюс” навори видеоро фиристоданд, ки дар он сӯхтор дар ин бозор дида мешавад.
Тавре аз навори видео бармеояд, рафу дӯконҳои савдои қафои бозор, ки дар он ҷо резинаи чархи автомашинаҳо (покришка) фурӯхта мешавад, аланга гирифта, аз он ҷо дуд мебарояд.
Айни замон даҳҳо гурӯҳҳои оташнишонӣ дар ҷойи ҳодиса қарор доранд. Хомӯш кардани сӯхтор алҳол муясаар нашуда истодааст, хабар доданд ба "Азия-Плюс" аз Раёсати оташнишонӣ.
"Майдони фарогирифтаи оташ хеле зиёд аст, дар ҷойи ҳодиса даҳҳо мошинҳои оташнишонӣ машғули коранд, аз дигар ноҳияҳо ҳам гурӯҳҳҳои оташнишонӣ омаданд", - гуфт манбаъ. 

Зимнан зикр шуд, ки намояндагони ВКД, КҲФ ва шаҳрдори пойтахт дар фурсати наздиктарин ба ҷойи ҳодиса ҳозир мешаванд.
Дар бораи қурбониёну осебдидагон аз ин сӯхтор алҳол маълумот дастрас нест.
Қобили зикр аст, ки "Султони Кабир" бозори фурӯши масолеҳи сохтмон буда, тобистони соли 2018 низ дар ин ҷо сӯхтор ба амал омада буд, ки майдони 1,2 ҳазор метрро фаро гирифта буд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.