расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Боздошти ҷавони 25-сола бо гумони дуздии чорво

. / Ҳаводис

Боздошти ҷавони 25-сола бо гумони дуздии чорво

Ба ШВКД дар ноҳияи Данғара бо ариза марди 29-солаи сокини ҷамоати деҳоти Себистони ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки шаби 21 ба 22-юми октябри соли 2019, тахминан соати 01:00, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили оғилхонааш 6-сар чорвои майдаи шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 25-солаи сокини ҷамоати деҳоти Лолазори ҳамин ноҳия, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.