расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Ба ҳалокат расидани ноболиғ бар асари садамаи марговар

. / Ҳаводис

Ба ҳалокат расидани ноболиғ бар асари садамаи марговар

Рӯзи 17-уми январи соли 2021, тахминан соати 14:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», Гулаев Акмалҷон Нуралиевич, соли таваллудаш 1994, сокини ҷамоати деҳоти С.Раҳимови ноҳияи Темурмалик, ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди «Ваҳдат-Душанбе», дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Баҳори шаҳри Ваҳдат аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, пиёдагардон: Мирзокаримова Гулизор Шодиевна, соли таваллудаш 1976 ва ноболиғ Маҳмадиева Нозигул Ҳабибовна, соли таваллудаш 2001, сокинони ҷамоати деҳоти Баҳори шаҳри мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагарди ноболиғ Маҳмадиева Н.Ҳ. аз шиддати зарбаи сахт парида, ба қисмати пеши автомашинаи тамғаи “Тайота-Кемри”, таҳти идораи Ҳалимов Абдукарим Раҷабалиевич, соли таваллудаш 2000, сокини ҳамин шаҳр, бархӯрда, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Шаҳрванд, Мирзокаримова Г.Ш. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.