расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Шавҳари рашкин бо корд рӯи занашро безеб кард: видео

. / Ҳаводис

Шавҳари рашкин бо корд рӯи занашро безеб кард: видео

Дар Туркия шавҳари рашкин рӯйи зани 28-солаи худро, ки аз Украина аст безеб кард. Вай бо корд ба ҳамсараш ҳамла намуд. Ҷузъиёти ҳодисаро нашрияи туркии Hurriyet хабар медиҳад.
Тибқи иттилои мавҷуда, ҳамла ба зани украинӣ дар ноҳияи Бакиркои Истамбул, дар яке аз марказҳои савдо сурат гирифтааст. Шавҳари духтар бо корд ба ӯ ҳамла кард.
Ӯ мӯи маро гирифт, рӯйи маро бурид.  Вай қариб буд, ки маро бикушад.  Қариб ба гарданам зад.
Гуфт ҷабрдида дар бораи ин ҳодиса
Ба гуфтаи зани украинӣ, вай тасмим гирифтааст, ки бо пешниҳоди ариза барои талоқ шавҳари турки худро тарк кунад. Шавҳараш намедонист, ки занаш дар куҷо зиндагӣ мекунад.  Ҳодиса вақте рух дод, ки ӯ ва хоҳараш тасмим гирифтанд ба маркази савдо раванд ва аксашонро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр карданд.
Навор аз барномаи Hurriyet
Маҳз бо шарофати акс айбдоршаванда дар куҷо будани ҳамсарашро фаҳмид.  Мард сараввал мӯйи сари занашро тарошид ва пас аз он бо корд ба рӯйи маҳбубааш чанд маротиба зад. Ин ҳодиса дар назди раҳгузарон рӯй дод.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.