расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Намурд, бо табар зан! Дар 4 рӯз 3 мард ҳамсарашро кушт

. / Ҳаводис

Намурд, бо табар зан! Дар 4 рӯз 3 мард ҳамсарашро кушт


Занро бо ривояте, аз қабурғаи чапи мард офаридаанд ва он гӯё як узви худи мард аст. Аммо Худованд чунин офаридааст, ки ҳам ҷисман ва ҳам аз лиҳози рӯҳӣ зан аз мард заифтар аст ва аз ин ҷост, ки мардуми мо баъзан калимаи занро ба “заиф”  ё “заифа” иваз мекунанд.

Заифиҳои мардон
Пас, чаро мо ба гуфти Лоиқ баъзан ба “заифиҳои мардон” тан медиҳему ҳар ҷинояти содирнамудаи онҳоро чун амри воқеӣ қабул мекунем? Ин заифиҳо кадоманд?  Пеш аз ҳама, қатли ноҷавонмардонаи занон аз ҷониби мардон. Чаро “ноҷавонмардона”? Магар ба хотири ҳифзи номус куштани зани бевафо ноҷавонмардӣ аст, мепурсанд баъзе хундорҳо. Бале, ноҷавонмардона, барои он ки ин мардон нисбати касе зӯроварӣ мекунанд, ки аз худашон заифтар аст ва имкони муқобилияти ҷисмонӣ карданро надорад. Пас , дар муқобили   рафтори ношоистаи  чунин занҳо чӣ бояд кард, ки хандахариши дигарон нашаванд?
Ба ин савол ҳам шариати ислом ва ҳам қонунҳои кишвар ҷавоби якхела медиҳанд. Агар ҷинояту бероҳагии зан исбот гардад, ягона роҳи барои ҳар ду ҷониб бехатару қобили қабулаш ҷудо шудан аст. Бигзор он зани сабукпо шарманда шаваду якумр азоби виҷдон кашад ва дар назди худию бегона доим сарпаст бошад…
Дар 4 рӯз 3 куштори зан
…Аммо агар аз Баҳриддин Мирзомиддинови 62 — сола, аз Деҳқонободи Ҳисор  ибрат гирифта бо корд ҷавонзани ба гумонаш хиёнаткорро ба қатл расонӣ, аз ҳар ду дунёи худ маҳрум мешавӣ ва хиёнаткор шаҳид мешаваду гуноҳашро мебахашанд.   
Ё мисли Қаракулов Урозбек, аз ноҳияи Ёвон, ки ӯ ҳам бо рашки беҳосили худ се фарзандашро ятим кард, занро ба он дунё мефиристию худ дар ин дунё барои солҳои тӯлонӣ гӯшаи зиндонро ихтиёр мекунӣ ва бо ҳамин се фарзандат дар кӯчаҳои зиндагӣ сарсон мемонанд.
Албатта, ҳодисаҳои куштори зан ба хотири беҳурматӣ нисбати шавҳар замонҳои пеш ҳам буду  ҳоло ҳам ҳаст, вале мояи нигаронӣ он аст, ки шумораи чунин ҳодисаҳо бештар шуда истодааст. Худи дар давоми чаҳор рӯз се куштори зан аз ҷониби мардон дар ноҳияи Ҳисор гувоҳи он аст, ки мардҳо ҳар чӣ бештар бераҳмтар мегарданд (аз ин кушторҳо дутояш аз ҷониби шавҳарон содир шудааст)  қотили касе мешаванд, ки замоне бо умед ба як болин сар монда буданд.
Тавре аз оморҳои гуногун бармеояд, соли гузашта 13 куштори зан аз ҷониби шавҳарон дар минтақаҳои гуногуни кишвар сурат гирифтааст, ки барои кишвари кӯчаки мо омори ташвишовар аст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.