Бо корд захмӣ намудани ҷавони 22-сола
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза ҷавони 22-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки санаи 11-уми январи соли 2021, тахминан соати 16:00, дар кӯчаи Гипроземи пойтахт ноболиғи 17-солаи сокини ҳамин ноҳия ӯро дашномҳои қабеҳ зада, бо корд 2-маротиба ба баданаш задааст.Дар натиҷа, ҷабрдида ба саломатиаш ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад