расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Пулис аз боздошти як зани дигар бо ҷурми ташкили фоҳишахона хабар дод

. / Ҳаводис

Пулис аз боздошти як зани дигар бо ҷурми ташкили фоҳишахона хабар дод


Сурат: nasafnews.uz
ВКД боз аз як мавриди дигари ташкили фоҳишахона аз сӯйи як зани дигар хабар медиҳад. Дар ду ҳафтаи моҳи январи соли 2021 ин севумин мавридест, ки ин ниҳод аз боздошти занони гуногун бо гумони ташкили фоҳишахона иттилоъ ба нашр мерасонад.
Бино ба иттилои ин ниҳод кормандони пулис дар Истаравшан  зани 41-солаи сокини ҷамоати Сабристон ин шаҳро бо гумони  ташкил ва нигаҳдории фоҳишахона дастгир кардаанд.
“Номбурда, 5-уми январи соли 2021, дар ҳудуди шаҳри Истаравшан барои алоқаи ҷинсӣ намудани марди 27 ва зани 32-солаи сокинони шаҳри мазкур шароит муҳайё намуда, аз онҳо 100 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст”,-мегӯяд ВКД.
Инчунин ба иттилои ин ниҳод  ин зан 9-уми декабри соли 2020, ба ҷавони 21 ва зани 32-солаи сокинони ҳамин шаҳр барои ҳамин кор шароит муҳайё намуда, аз онҳо 200 сомонӣ гирифтааст.
Ҳоло ВКД дар баробари ин зан бар асоси моддаи 239 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон  парванда боз кардааст. 

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.