расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Садамаи нақлиёт дар роҳи Душанбе-Хуҷанд 5 кушта бар ҷой гузошт

. / Ҳаводис

Садамаи нақлиёт дар роҳи Душанбе-Хуҷанд 5 кушта бар ҷой гузошт

Аз ҷумла, кӯдаки 7-сола низ ба ҳалокат расидааст.

Сурат: pixabay.com
Рӯзи 7 январ дар километри 80-уми роҳи мошингарди Душанбе-Чанок ронандаи автомашинаи “Опел”, сокини 62-солаи ноҳияи Деваштич аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашина ба ҷарии 400-метра сарозер меравад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар медиҳад, ки ӯ бо суръати баланд ҳаракат мекардааст. Садама дар наздикии мавзеи Зимарғи ҷамоати деҳоти Анзоби ноҳияи Айнии вилояти Суғд рух додааст.
Замони рух додани ин ҳодиса дар автомашина 6 нафар - ҳама сокинони ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд ҳузур доштаанд.
“Мутаассифона, бар асари ҷароҳатҳои бардошта аз садама ронанда ва 4 мусофири автомашина, аз ҷумла 1 кӯдаки 7-сола дар ҷойи ҳодиса ҳалок шудаанд. Ҳамаи онҳо хешу табор ва ронанда ҳамсояашон будааст”, - иттилоъ медиҳад маркази матбуоти КҲФ.

Гуфта мешавад, боз як мусофири дигар - сокини 38-солаи ноҳияи Деваштич ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст.
“Сарфи назар аз чандин маротиба огоҳ кардан бобати ҳушёриро аз даст надодан зимни ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ дар фасли зимистон, бархе аз ронандагон онро ба инобат нагирифта, натиҷааш ҷон бохтани одамон мегардад”, - қайд мекунанд дар Кумита.
Дар ин робита, Кумита боисрор аз ронандагон дархост мекунад, ки хеле ҳушёр буда, ҳаёти худу мусофиронро зери хатар нагузоранд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.