расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » АВВАЛ ДАШНОМУ ҲАҚОРАТ КАРДАНДУ БОЗ СЕ МАРОТИБА БО КОРД БА УЗВҲОИ МУҲИМАМ ЗАДАНД.

. / Ҳаводис

АВВАЛ ДАШНОМУ ҲАҚОРАТ КАРДАНДУ БОЗ СЕ МАРОТИБА БО КОРД БА УЗВҲОИ МУҲИМАМ ЗАДАНД.

Ба ШВКД дар шаҳри Хоруғ бо ариза ҷавони 26-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки санаи 25-уми декабри соли 2020, тахминан соати 13:30-дақиқа, шахсони номаълум дар кӯчаи С.Насиллобеки ҳамин шаҳр бе ягон асос бо ӯ ҷангу ҷанҷол карда, нисбаташ суханҳои қабеҳ гуфта, бо корд 3 маротиба ба узвҳои баданаш зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонони 26 ва 23-солаи сокинон ҳамин шаҳр бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуданд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.