расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Таҳқиқи навори интернетӣ ронандаро ҷавобгар намуд

. / Ҳаводис

Таҳқиқи навори интернетӣ ронандаро ҷавобгар намуд

1401
Паҳн гаштани наворҳои халалдоркунандаи тартибот дар шабакаҳои интернетӣ ва шарҳу эроди истифодабаранадагони сомонаҳои иҷтимоӣ сабаб шуд, ки нисбати ронандаи сабукрави тамғаи «ВАЗ-2106», аломати қайди давлатиаш TJ 80 50 НН 02, Мамадҷонов Мубин Мамадҷонович, соли таваллудаш 1997, истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Б.Ғафуров, милитсия барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи минтақаҳо ва роҳҳои автомобилгард таъсиррасонии ҳуқуқӣ дар асоси моддаи 291 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмуриро тадбиқ намояд.
Ҳуқуқвайронкунанда Мубин Мамадҷонов дар бевақтии шаб дар рӯ ба рӯи Қасри фарҳанги ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмони ноҳияи Б.Ғафуров намоишкорона воситаи нақлиётро дар ҷои ист бо суръати баланд давр занонида, худнамоӣ кардааст. Баъди роҳ ёфтани навор ба сомонаҳои иҷтимоӣ масъулини шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар вилояти Суғд шахсияти ронандаи беинтизомро муайян намуданд.
Чунин рафтори ронандаи ҷавон Мубин Мамадҷонов аз он хотир нигаронкунанда аст, ки дар баробари халалдор намудани тартиботи ҷамъиятӣ, вайрон кардани роҳи нақлиётгард, ҳамчунин ҳодисаи нохуши нақлиётиро дар пай дошта метавонад.

Ба маълумоти иштирокчиёни ҳаракати роҳ бахусус ронандагон мерасонем, ки воситаи нақлиёт ва кӯчаю роҳҳои нақлиётгард ашё ё ҷойи дилхушию худнамоӣ нест. Кормандони бозрасии давлатии автомобилӣ ба ҳамаи ронандагон риояи ҳатмии Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва боинтизомиро тавсия медиҳанд.
Акбар Шарифӣ, майори милитсия

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.