расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Гумонбарии сокини Вахш ба ташкили қиморхона дар деҳааш

. / Ҳаводис

Гумонбарии сокини Вахш ба ташкили қиморхона дар деҳааш

Ба ӯ то 8 соли зиндон бо мусодираи амвол ҷазо таъин шуда метавонад.

Сурат: Акси марбута
Кормандони милитсия ба гумони даст доштан дар ташкил ё нигаҳдошти ғайриқонунии қиморхона (казино) дар хонаи худ сокини 40-солаи ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистони ноҳияи Вахшро боздошт намуданд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, ӯ хонаи истиқоматиашро ба қиморхона табдил дода, 4 нафар мардони ҳамдеҳаашро ба хонааш даъват ва ба онҳо барои бозӣ кардани қимор шароит муҳайё намудааст.
Гуфта мешавад, нисбат ба боздоштшуда мутобиқи моддаи 240 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Ташкил  ё нигоҳдории қиморхона (казино), мизу автоматҳои бозӣ бо бурди пулӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.
Ба ӯ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 6 то 8 сол бо мусодираи молу мулк таҳдид мекунад.
Соли 2000-ум дар Душанбе фаъолияти ду қиморхонаи бештар маъруф - “Сомониён” ва “Ҷоми Ҷамшед” қатъ карда шуд. Бо фармони президент ҳамин сол фаъолияти қиморхонаҳо дар саросари кишвар боздошта шуд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.