расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Даргирии нав дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон бе пайомади ҷиддӣ анҷом ёфт

. / Ҳаводис

Даргирии нав дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон бе пайомади ҷиддӣ анҷом ёфт

Мақомоти дахлдори ҳар ду кишвар таъҷилан ба мушкилот расидагӣ карданд.

Сурат: "Авеста"
Сокинони деҳаи Оқсойи вилояти Ботканди Қирғизистон рӯзи 16 декабр қарибиҳои шом роҳеро бастанд, ки ҷамоати Ворухи Тоҷикистонро бо шаҳри Исфара пайваст мекунад.
Роҳ баъди он баста шуд, ки яке аз сокинони Оқсой дар бораи гум шудани аспҳояш хабар дода, ба гумонаш, гӯё онҳоро ба самти Тоҷикистон бурдаанд.
Тавре ба “Азия-Плюс” аз дастгоҳи раиси вилояти Суғд хабар доданд, аз ҳар ду ҷониб сарҳадбонон ва намояндагони ҳукуматҳои маҳаллӣ дарҳол ба ҷойи ҳодиса ҳозир шудаанд.
Ба онҳо муяссар шуд, ки роҳро кушоянд ва мардуми аз ҳар ду тараф ҷамъомада оромона ба хонаҳояшон рафтанд. Нофаҳмии навбатӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ин дафъа бидуни пайомади ҷиддӣ анҷом ёфт”, - илова кард ӯ.
Субҳи имрӯз роҳе, ки Исфараро бо ҷазирқаламрави Ворух пайваст мекунад, бо реҷаи муқаррарӣ фаъолият дошта, дар марзи ду кишвар издиҳоми мардум ба мушоҳида намерасад.
Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон 976 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 504 километри он аломатгузорӣ шудааст. Ҳамзамон 472 километри дигари сарҳади давлатии миёни ду кишвар номуайян боқӣ мемонад. Ин ҳолат боиси баҳсу муноқишаҳои зиёд миёни сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ мешавад.


Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.