расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Рух додани 2 ҳодисаи қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ

. / Ҳаводис

Рух додани 2 ҳодисаи қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 49-солаи сокини шаҳраки Шӯроби шаҳри Исфара, ки пеш бо моддаи 227 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (нашри соли 1961) суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар қасдан расони-дани зарари вазнин ба саломатӣ, дастгир карда шуд. 
Номбурда, санаи 13-уми декабри соли 2020, тахминан соати 22:00, дар ҳудуди шаҳраки Навободи ҳамин шаҳр аз сабаби муноқишаи ба миён омада бо марди 34-солаи сокини шаҳраки мазкур бо корди кисагӣ 2 маротиба ба шиками ӯ задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 26-солаи сокини деҳаи Сурхоби ноҳияи А.Ҷомӣ бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, шаби 30-юми ноябр ба 1 декабри соли 2020, тах-минан соати 01:00, дар саҳни ҳавлии истиқоматиаш бо марди 62-солаи ҳамдеҳааш аз сабаби муноқишаи ба миён омада, ҷангу ҷанҷол карда, бо калтак якчанд маротиба ба узвҳои баданаш задааст.
Дар натиҷа, марди 62-сола ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бар-дошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.