расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Ошкор гардидани дуздии чорво

. / Ҳаводис

Ошкор гардидани дуздии чорво

Ба ШВКД дар ноҳияи Файзобод бо ариза марди 46-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чашмасори ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки шаби 4 ба 5-уми декабри соли 2020, тахминан соати 02:00-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба фермаи чорвопарварии ҶДММ “Мурғи ҳилол”, воқеъ дар деҳаи Кӯлобиён, ки дар ҳолати вайрона қарор дорад, даромада, аз он ҷо 4-сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 32 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия мардони 32, 28 ва ҷавонони 22, 19-солаи сокинони ноҳияи мазкур ва ҷавони 22-солаи сокини шаҳри Роғун бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Номбурдагон шаби 4 ба 5-уми декабри соли 2020, тахминан соати 01:30-дақиқа, бо роҳи пинҳонӣ ба фермаи чорвопарварии ҶДММ “Мурғи ҳилол”, воқеъ дар деҳаи Кӯлобиён, ки дар ҳолати вайрона қарор дорад, даромада, аз он ҷо 4-сар чорвои калони шохдори марди 39-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чашмасори ҳамин ноҳияро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Инчунин дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 23-солаи сокини ҷамоати деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара, ки пеш бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, санаи 3-юми декабри соли 2020, тахминан соати 13:30-дақиқа, бо роҳи пинҳонӣ аз заминҳои чарогоҳи ҷамоати деҳоти И.Шариф, 11-сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 15 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.