расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Муовини раиси ҲСДТ пайдо ва дар Душанбе боздошт шуд

. / Ҳаводис

Муовини раиси ҲСДТ пайдо ва дар Душанбе боздошт шуд

Маҳмурод Одинаеви “гумшуда”-ро ба Ҳисор оварданд, барои авбошӣ ӯ ба муҳлати 5 сол равонаи зиндон шуда метавонад.

Мащмурод Одинаев
Сурат: аз саҳифа дар Фейсбук
Рӯзи 5 декабр дар ҷараёни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ сокини 58-солаи шаҳри Ҳисор Маҳмурод Одинаев дар қаламрави ноҳияи Синои шаҳри Душанбе боздошт шуд.
Тавре маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ хабар медиҳад, Маҳмурод Одинаев, сокини шаҳри Ҳисор нимаи дуюми рӯзи 29 октябр дар якҷоягӣ бо собиқ ҳамсараш Меҳринигор Ризоева ва писараш Ҳабибулло Одинаев ба комиссариати ҳарбии шаҳри Ҳисор ҳозир гардида, бо баҳонаи он, ки кормандони комиссариати ҳарбӣ ғайриқонунӣ ва беасос писари ӯ Ҳоҷиакбар Одинаевро ба хизмати ҳарбӣ даъват кардаанд, дидаю дониста дар муддати тахминан 30-40 дақиқа тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардааст.
“Ба огоҳ намудани намояндагони ҳокимияти давлатӣ эътино накарда, ин кирдорҳои ғайри қонунии худро худсарона идома дода, нисбати намояндагони ҳокимияти давлатӣ таҳдид, зӯроварӣ ва суханҳои қабеҳро раво дидааст”, - қайд мешавад дар маълумот.
Гуфта мешавад, бинобар ин, аз рӯи маводҳои гирдоварда аз ҷониби Прокуратураи шаҳри Ҳисор нисбати Одинаев М.Ш. 20.11.2020  бо моддаи 237 қисми 2 бандҳои «б» ва «в» Кодекси ҷиноятии ҶТ (авбошӣ, аз ҷониби гуруҳи шахсон ё гуруҳи шахсон бомаслиҳати пешакӣ, бо нишондодани муқобилият ба намояндаи ҳокимият ё дигар шахсе, ки вазифаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятиро ба уҳда дорад) пешбини гардида парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.
“Бинобар сабаби ба даъвати чандинкаратаи  кормандони прокуратура ҳозир нашудан ва аз ҷойи зисташ гурехта пинҳон гаштан, қарор барои маҷбуран овардан қабул шуда, барои иҷро ба мақомоти  ШВКД дар шаҳри Ҳисор  вогузор карда шуд”, - таъкид мешавад дар хабари Прокуратураи генералӣ.

Рӯзи 5 декабр зимни амалӣ намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе гумонбаршуда Маҳмурод Одинаев дастгир ва ба прокуратураи шаҳри Ҳисор дастрас карда шудааст.
Зимнан зикр мегардад, ки нисбати дастгиршуда Одинаев М.Ш.  дар доираи парвандаи ҷиноятӣ гузаронидани ҳаракатҳои мурофиавӣ идома дорад.
Аз рӯйи моддае, ки мувофиқи он нисбат ба ӯ айбдорӣ пешниҳод шудааст, ба Маҳмурод Одинаев ба муҳлати то 5 сол ҳукми зиндон ё ба маблағи аз 30 то 60 ҳазор сомонӣ ҷарима таҳдид мекунад.
Қобили зикр аст, ки Маҳмурод Одинаев муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) аст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.