расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Зафаробод: ҷавоне ҳамсояи 24-солаашро бо болға куштааст

. / Ҳаводис

Зафаробод: ҷавоне ҳамсояи 24-солаашро бо болға куштааст

Боздоштшуда
Сурат: ВКД
Дар ноҳияи Зафаробод пулис ҷавони 29-солаеро бо гумони даст доштан дар қатли ҳамсояаш Беҳзод Давронбекови  24-сола бо болғаи оҳанӣ ва бо ин олат латукӯб кардани модари 44-солаи  ӯ Малоҳат Зиёева боздошт намудааст.  Дар ин бора сардори дафтаи матбуоти  Раёсати Вазорати корҳои дохилии ҶТ дар вилояти Суғд Акбар Шарифӣ ба “Азия плюс” хабар дод. 
Бино ба иттилои манбаъ, ҳодиса шоми 10 ба 11-уми ноябр дар ҳудуди манзили истиқомати Беҳзод Давронбеков   воқеъ кӯчаи Байналмиллали шаҳраки Зафаробод ба вуқӯъ пайвастааст.
“Тибқи далелҳои тафтишот аз таъсири воситаи нашъадори навъи бангдона дар ҳолати мастӣ байни Беҳзод Давронбеков ва ҳамсояи вай гумонбаршуда Ҷамшед Ҷумъазода муноқишаи лафзӣ сурат мегирад. Гумонбаршуда бо истифода аз болғаи оҳанӣ аввал Беҳзод Давронбековро кушта, дар идома бо гумони он, ки модари ӯ ин  кирдори ҷиноятиашро дидааст,  қасди аз ҳаёт маҳрум кардани занро  намуда, ӯро мавриди латукӯби шадид қарор медиҳад”,-афзуд Акбар Шарифӣ.
Беҳзод Давронбеков ва модараш Малоҳат ЗиёеваВКД
Аз зарбаи сахти болға  ба қисмати сару рӯй,  Беҳзод  Давронбеков ба ҳалокат расида, модари ӯ Малоҳат Зиёева ҷароҳати вазнин мебардорад.
Додситонии ноҳияи Зафаробод таҳқиқи идомаи ин қазияро дар ихтиёри худ гирифтааст. 

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.