расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Фаврӣ: Даргузашти боз як табиби дигар аз коруно

. / Ҳаводис

Фаврӣ: Даргузашти боз як табиби дигар аз коруно

Сардухтури бахши дандонпизишки Муассисаи давлатии “Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Карим Ахмедов” Анвар Хуҷамуродов, бо гумони бемории сироятии нави коронавирус дар синни 50-солагӣ аз олам даргузашт.
Бино ба иттилои як манбаъи “Азия-Плюс” номбурда дар беморхонаи сироятии воқеъ дар маҳаллаи Зарафшон бистарӣ буда, рӯзи 14-уми ноябр даргузашт.
Инчунин манбаъ мегӯяд ӯ соҳиби чор фарзанд буда, беҳтарин табиб дар касби худ будааст. Дар шабакаҳои иҷтимои низ аз марги нобаҳангоми табиб корбарони зиёде изҳори тасалият намуда, Рухшонаи Олимҷон (Ruhshonai Olimjon) навиштааст, “Шумо магар дидед, ки чӣ гуна табибон бемор мешаванд? Ман дидам. Онҳо беморони беправоянд, зеро онҳо, ҳатто то охири ҳайёт, ба хотири наҷоти дигарон беморӣ ва дарди худро нодида мегиранд. Худованд раҳмату мағфират гардонад духтурони ҷонбохтаро”.
Бояд қайд кард, ки рӯзи 4-уми ноябр мудири шӯъбаи ҷарроҳии калонсолони Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд Садриддин Раҳимовро низ дар 54-солагӣ ва мудири шуъбаи пизишкии мардони Бемористони ҷумҳуриявии физиотерапевтии ин вилоятро дар синни 60-солагияш ба хок супориданд.
Аввалӣ баъди тахмин як моҳи табобат дар беморхона бо иллати оризаҳои “илтиҳоби шуш” ва дувумин дар пайи табобати хонагӣ бар муқобила бо ҳамин беморӣ ҷон бохтанд.
Мудири шӯъбаи ҷарроҳии калонсолони Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд Садриддин Раҳимов оғози моҳи сентябри соли ҷорӣ ҳамроҳи ҳамсараш мудири шӯъбаи амрози занонаи ҳамин беморхона бо нишонаҳои бемории “илтиҳоби шуш” бистарӣ шуда буданд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.