расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » ДАРГУЗАШТИ АДИБ ВА МУТАРҶИМИ ТОҶИК АНВАР МИРЗОҲАКИМИ ОЛИМ, БАРОДАРИ ШОИРИ ХАЛҚӢ АСКАР ҲАКИМ

. / Ҳаводис

ДАРГУЗАШТИ АДИБ ВА МУТАРҶИМИ ТОҶИК АНВАР МИРЗОҲАКИМИ ОЛИМ, БАРОДАРИ ШОИРИ ХАЛҚӢ АСКАР ҲАКИМ

Анвар Мирзоҳакими Олим (Ориёнмеҳр), нависанда ва мутарҷими шинохтаи тоҷик, бародари Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким, субҳи 13 ноябр дар синни 64 аз олам чашм пӯшид. Дар ин бора Pressa.tj хабар дод. Иллати марги Анвар Олим гуфта нашудааст. Ӯ солҳои охирмудирии шуъбаи насри маҷаллаи "Паёми Суғд”-ро бар дӯш дошт.
Анвар Олим 31 июли соли 1956 дар деҳаи Рӯмони ноҳияи Хуҷанд (ҳоло – Б.Ғафуров) ба дунё омада, соли 1977 риштаи забон ва адабиёти Донишкадаи омӯзгории ба номи Кирови шаҳри Ленинобод (ҳоло – Хуҷанд)-ро хатм кардааст.
Анвар Олим муаллифи чанд маҷмӯа, аз ҷумла "Бачаи лалмӣ”, «Балогардон», «Макрӯҳ», «Шаби 13-ум…» «Қиссаҳо аз ислом ва панди Мавлонои Рум», «Вақти гули зардолу» буда, ҳамчунин асарҳои Л.Н. Толстой, Чингиз Айтматов, Андрей Гринков, Лилли Промет, Шукшин ва дигар адибони маъруф, аз ҷумла асарҳои адиби литвонӣ Скрайрис «Чароғи сеҳрнок», нависандаи рус В.Гринков «Ашки ҷаллод», нависандаи қирғиз Ч. Айтматов «Алопаре, ки медавад лаб-лаби баҳр»-ро ба тоҷикӣ тарҷума кардааст.
Анвар Олим сазовори унвони Аълочии фарҳанги Тоҷикистон шуда буд.

A'zam Khojasta

Дар суги дӯстам. нависандаи камназир, инсони соҳибдил, Анварҷони азиз:
Ду чашм обистани борон,дилам оташфишони дард,
Нафасҳоям зимистонӣ, тамоми лаҳзаҳоям сард.
Садои рӯшани мурда,ҳаёҳуи азо зинда,
Дилам андуҳ меборад, аз ин қисмат, ки ғам овард.
Ту рафти осмон уфтоду руҳу пайкарам ларзид,
Маро ин рӯзгори талхойин боз танҳо кард.
Пас аз ин аз баҳор, аз хандаи хуршед маҳрумам,
Маро даъват кун эй пойиз, эй вайронсарои зард...

Маҳмудзода Баҳманёр


НАВИСАНДАИ "ВАҚТИ ГУЛИ ЗАРДОЛУ" ВА "АНОРИ ЁСИН" ДАРГУЗАШТ
Ҳини таҳсил дар Хуҷанд борҳо дар суҳбаташ нишаста будам. Ҳамроҳи Матлуба Ёрмирзаева чанд раҳ ба манзилаш ҳам рафтаам. Ба нахустин навиштаҳоям қалами таҳрир ҳам давондааст. Суҳбатҳои рангин ва маслиҳату роҳнамоиҳояшро барои ҳамеша дар хотираам ҳифз кардаам...
Устод Анвар Мирзоҳакими Олим...
Нависанда ва мутарҷими хушноми тоҷик.
Нависандае, ки танҳо аз дард менавишт ва чӣ зебо менавишт...
Ёду номаш ҷовидон...
Ҳамагӣ баъди чанд рӯзи даргузашти устод Баҳманёр тарки ин дунё карданаш, чӣ маънӣ ё розе дорад, намедонам... Аммо устод Баҳманёрро беандоза дӯст медошт...
Ёд дорам, чанд сол пеш, чун қиссаи "Дар паноҳи чашмҳо"-яшро дар маҷаллаи Садои Шарқ ба чоп омода мекардем, барои ивази чанд калима ба ӯ занг задам.
-Салом устод, ман Баҳманёр, аз "Садои Шарқ".
Баъди ин чанд лаҳза истодам, ки аз гӯшӣ ҷавоби салом наомад. Фикр кардам нашинохт.
-Устод, ман Баҳманёр, шогирдатон...
Танҳо пас аз ин суҳбати мо оғоз ёфт.
- Ҳа, ҳа, Баҳманёрӣ? Ман боз ҳайрон шудам, ки Анвар Олимовро худи Баҳманёр (манзураш устод Баҳманёр) устод мегӯяд...
Ва хандаи баланде кард...
Нависандаи хубу соҳибистеъдоди мо...
Рӯҳат шод, хонаи охиратат обод!!!

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.