расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » ДАРГУЗАШТИ ДОНИШМАНДИ ТОҶИК ҲАСАНИ МУРОДИЁН АЗ ВАБОИ ФАРОГИР

. / Ҳаводис

ДАРГУЗАШТИ ДОНИШМАНДИ ТОҶИК ҲАСАНИ МУРОДИЁН АЗ ВАБОИ ФАРОГИР

Ҳасани Муродиён, доктори илмҳои филологӣ, профессор, Корманди шоистаи Тоҷикистон, устоди Донишгоҳи Бохтар рӯзи 8 ноябр аз олам чашм пӯшид. Писари марҳум Зокир Ҳасан дар Фейсбук хабар дод ки: «Падари мо ҷон ба Ҷонофарин супурд. Илтимоси дуо дорем.»
Носирҷон Маъмурзода, сухангӯи ҳукумати вилояти Хатлон, ки дар Донишгоҳи Бохтар ҳамкори Ҳасани Муродиён буд, хабар дод, ки ӯ қурбони коронавирус шудааст: «Ин вабои ҳамагир боз як муҳаққиқи барҷастаи адабиёт, инсони шарифро бо худ бурд.» Маъмурзода донишманди марҳумро ҳамчун «инсони наҷиб, хайрхоҳ, зиндадил, меҳрубон, донишманд ва дурандешу дардошно» ва «Қомуси зинда» ситоиш кардааст. Саъдии Маҳдӣ навишт, ки Ҳасани Муродиён дар таҳқиқи вожаи асп асари мондагоре аз худ ба ҷо гузошт.
Исмоил Зарифӣ дар марсияе андуҳаш аз марги Ҳасани Муродиёнро чунин баён ва аз нтамом мондани кораш дар сари "Девон”-и Саҳбо изҳори дареғ кардааст:
Бозмепурсам зи ҳоли ту, ҷавоби ту куҷост?
Дӯсти ширинзабони ман, ҳарфи ноби ту куҷост?
Монд корат дар сари «Девон»-и Саҳбо нотамом,
Аз кӣ мепурсам кунун ҷилди китоби ту куҷост?
Ин саҳар равшан нагардад хонаи қалбам, дареғ,
Чеҳраи пурнури ҳамчун офтоби ту куҷост?
Зокир Ҳасан
Инна лиллаҳи ва инна илайҳи роҷиъун! Падари мо Ҳасани Муродиён, профессор, муаллифи беш аз 35 китоби илмӣ, инсоне, ки мегуфт, агар Худо дубора зиндаам кунад, боз муаллим мешавам, ҷону ҷигари ман ҷон ба Ҷонофарин супурд. Илтимоси дуо дорем. Худо мағфираташ кунад! Омин, ё Раббулъоламин!
Зокир Ҳасан
Инна лиллаҳи ва инна илайҳи роҷиъун! Падари мо ҷон ба Ҷонофарин супурд. Илтимоси дуо дорем.
        

Nosirjon Ma'murzoda
Аз хабари даргузашти олими тавоно, доктори илмҳои филологӣ, профессор, Корманди шоистаи Тоҷикистон Ҳасани Муродиён сахт андуҳгин шудам.
Ин вабои ҳамагир боз як муҳаққиқи барҷастаи адабиёт, инсони шарифро бо худ бурд.
Бо устод шарафи на танҳо ҳамкорию ҳамнишинӣ, балки дӯстӣ ҳам доштам.
Воҳ, чӣ инсони наҷиберо аз даст додем. Хайрхоҳ, зиндадил, меҳрубон, донишманд, дурандешу дардошно буданд, маслиҳату машварати худро аз ҳеҷ кас дареғ намедоштанд.
Ҳамеша аз машваратҳои дӯстонаву беғаразашон баҳравар мешудам. Қомуси зинда буданд.
Сад дареғ...
Зокири азиз, ба Шумо ва пайвандонатон бинобар ин талафоти ҷонсӯз таслият арз мекунам.
Худованд ба бозмондагони Устод сабру шикебоӣ диҳад ва ҷойи марҳумро дар фирдавси барин қарор диҳад.

 

Исмоил Зарифӣ
ҶАВОБИ ТУ КУҶОСТ?
Дар сӯги олими варзида, устоди Донишгоҳи шаҳри Бохтар Ҳасани Муродиён
Бозмепурсам зи ҳоли ту, ҷавоби ту куҷост?
Дӯсти ширинзабони ман, ҳарфи ноби ту куҷост?
Монд корат дар сари «Девон»-и Саҳбо нотамом,
Аз кӣ мепурсам кунун ҷилди китоби ту куҷост?
Ин саҳар равшан нагардад хонаи қалбам, дареғ,
Чеҳраи пурнури ҳамчун офтоби ту куҷост?
Рафтию қалби тамоми дӯстон бишкофтӣ,
Тоби ин андӯҳ надорам, печутоби ту куҷост?
Ҷумла шогирдони ту аз ин хабар дар нолаанд,
Қалби андар ҳасрати миллат кабоби ту куҷост?
Қалби ёрон кардаӣ аз ганҷи дониш баҳравар,
Он ҳама лафзи шакарбори чу оби ту куҷост?
Кардӣ дар ин умри кӯтаҳ номи худро ҷовидон,
Бозмепурсам зи ҳоли ту, ҷавоби ту куҷост?
БА ҲАМАИ ШОГИРДОН, ДӮСТОН, АҲЛИ БАЙТ ВА ХОСАТАН ФАРЗАНДИ ДӮСТИ АЗИЗ ШОДРАВОН ҲАСАНИ МУРОДИЁН ЗОКИР ҲАСАН ҲАМДАРДИИ ХУДРО БАЁН МЕКУНАМ ВА АЗ ХУДОВАНД ДАР ИН МУСИБАТИ ҶОНГУДОЗ БАРОЯШОН САБРИ ҶАМИЛ МЕХОҲАМ. ҶОИ УСТОД ҲАСАНИ МУРОДИЁН ДАР ПЕШГОҲИ ҶАННАТ БОШАД.
 
        

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.