расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Ошкор гардидани кирдори қаллобӣ

. / Ҳаводис

Ошкор гардидани кирдори қаллобӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза ҷавони 22-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки дар давоми солҳои 2018-2019 дар кӯчаи Мушфиқӣ ҷавони 24-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ ба маблағи 5 ҳазору 600-доллари амрикои ҷавоҳиротҳои гуногуни тиллои ва нуқрагинро гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Инчунин ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 20-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ҳасанови ноҳияи Шаҳринав, бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, дар давоми моҳи июни соли 2020, бо роҳи фиреб ба боварии марди 34-солаи сокини ҷамоати деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода даромада, дар бозори фурӯши автомабилҳои шаҳри Турсунзода автомашинаи шахсиаш тамғаи “Дэу-Лабо”-ро ба маблағи 40 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Аз руи ҳодисаҳои мазкур тафтишот идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.