расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Даргузашти генерал-майор Қурбоналӣ Ҳасанов аз илтиҳоби шуш

. / Ҳаводис

Даргузашти генерал-майор Қурбоналӣ Ҳасанов аз илтиҳоби шуш

Солҳои зиёд дар низоми прокуратураи ҷумҳурӣ фаъолият дошт.

Бинои Прокуратураи генералии ҶТ
Сурат: today.tj
Генерал-майор Қурбоналӣ Ҳасанов, омӯзгори Донишкадаи такмили ихтисоси назди Прокуратураи генералии Тоҷикистон дар синни 68-солагӣ дар Душанбе аз олам даргузашт.
“Чанде рӯз пеш ӯ дар Маркази шаҳрии клиникии №1 ба номи Карим Аҳмедов (1-ум Советский) ба гумони гирифторӣ ба бемории илтиҳоби шуш бистарӣ шуд, - хабар дод як манбаъ аз прокуратура. - Баъд ду рӯз бар асари бад шудани вазъи солимиаш вафот кард”.
Қурбоналӣ Ҳасанов 30 августи соли 1952 дар деҳаи Искодари ноҳияи Айнии вилояти Суғд таваллуд шудааст. Соли 1978 риштаи ҳуқуқшиносиии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст.
Солҳои зиёд дар низоми прокуратура кор карда, соли 1996 дар Прокуратураи генералӣ сардори шуъбаи ташкил ва назорати кор таъин шуд. Баъдан ба ҳайси сардори шуъбаи тафтишоти пешакии Прокуратураи генералӣ фаъолият дошт.
Соли 2005 Қурбоналӣ Ҳасанов ба нафақа баромада, то рӯзҳои охири умр дар Донишкадаи такмили ихтисоси назди Прокуратураи генералии Тоҷикистон омӯзгорӣ мекард.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.