расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Падар бо автомашина иштибоҳан духтарчаи хурдсолашро пахш намуд.

. / Ҳаводис

Падар бо автомашина иштибоҳан духтарчаи хурдсолашро пахш намуд.

Назираи 2-сола дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид


Дар ноҳияи Файзобод марди 29-сола аз беаҳамиятӣ духтарчаи хурдсолашро бо автомашинаи шахсӣ пахш кардааст, ки дар натиҷа духтарча ҷароҳати вазнин бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад. 
Бино ба иттилои ВКД, ҳодиса қарибиҳои шоми 14-ум рух дода, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Зафира” Илҳомиддин Мирзошарифови 31-сола, сокини ҷамоати деҳоти Ҷавонони ноҳияи Файзобод аз майдончаи бозори “Хайрӣ” ба самти маркази ноҳияи Файзобод ҳаракат мекард.

"Ӯ бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, дар майдончаи бозори мазкур духтари хурдсолаш, Бовабекзода Назираи Илҳоми 2-соларо пахш мекунад", - қайд мешавад дар маълумот.
Гуфта мешавад, Назираи хурдсол баъди бардоштани ҷароҳати вазинин ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.