Муфтии Тоҷикистон ба Самарқанд меравад
Ӯ бо рӯҳониёни Ӯзбекистон ва Афғонистон дидору гуфтушунид мекунад.
Саидмукаррам Абдуқодирзода
Сурат: tajikta.tj
Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода рӯзи 15 март бо даъвати ҳукумати Ӯзбекистон аз шаҳри Самарқанд боздид мекунад.
Ӯ дар кори конфронси байнулмилалӣ таҳти унвони “Вижагиҳои мероси Имом Бухорӣ ва аҳаммияти рӯшангарии имрӯзии он” иштирок мекунад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Шӯрои уламои ҷумҳурӣ.
Кормандони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди ҳукумати ҷумҳурӣ низ дар ин ҳайат ба Ӯзбекистон сафар мекунанд.
Дар кори конфронси мазкур ба ҷуз ҳайати Тоҷикистон, инчунин рӯҳониёни маъруф аз Ӯзбекистону Афғонистон низ ширкат мекунанд.