Давлатзода: Калисои протестантӣ барои сабти ном муроҷиат накардааст

Аммо Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин 1-уми август зимни нишасти хабарӣ гуфт, давоми ду соли ахир ягон гуруҳи протестантӣ барои сабти ном ба ин ниҳод муроҷиат накардааст. Давлатзода афзуд, агар пайравони ин равия муроҷиат кунанд, дар доираи қонун барояшон посух медиҳанд.
Маълум нест, ки Кумисюни байнулмилалии Амрико дар мавриди озодиҳои динӣ иттилоъ дар бораи радди дархости ҷамъияти протестантҳоро аз куҷо гирифтааст. Раиси Кумитаи дини Тоҷикистон 1-уми август батакрор гуфт, аз пайравони ин равияи дини масеҳӣ муроҷиате нагирифтаанд.
Дар Тоҷикистон 66 иттиҳодияи динии ғайриисломӣ фаъол аст. Тақрибан чаҳор ҳазор масҷиди панҷвақта, ҷомеъ ва ҷомеаи марказӣ низ фаъолият мекунанд.