АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҳаводис
Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ бо истифода аз санг
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 33-солаи сокини шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.Номбурда, 21-уми феврали соли 2021, тахминан соати 21:30-дақиқа, дар ҷамоати деҳоти Ошобаи ноҳияи мазкур бо марди 34-солаи сокини шаҳраки Шайдони ҳамин ноҳия вохӯрда, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо санг 1 маротиба ба сари ҷабрдида задааст.
Мувофиқи хулосаи Тахшиси судӣ-тиббӣ ҷароҳати бардоштаи ҷабрдида зарари вазнин ба саломатӣ мансуб мебошад.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳури Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.