расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » ИН ЧӢ ДАҲШАТ АСТ? СӮИҚАСД БА КУШТОРИ ЗАНУ ФАРЗАНД, ПАДАР ВА ҲАМСОЯ АЗ СӮИ ЯК СОКИНИ АШТ

. / Ҳаводис

ИН ЧӢ ДАҲШАТ АСТ? СӮИҚАСД БА КУШТОРИ ЗАНУ ФАРЗАНД, ПАДАР ВА ҲАМСОЯ АЗ СӮИ ЯК СОКИНИ АШТ

Як марди 41-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ориёни ноҳияи Ашт бо гумони сӯиқасд ба одамкушӣ дастгир шудааст. Ӯ ба қасди куштани 4 нафар – зану фарзанди 6-солааш, ҳамчунин падари кӯҳансол ва марди ҳамсоя айбдор мешавад.
Бино ба гузориши маркази матботи ВКД Тоҷикистон, ин сокини Ашт  рӯзи 16-уми марти соли 2021, тахминан соати 16:30-дақиқа, дар хонаи истиқоматиаш бо ҳамсараш зани 39-сола муноқиша карда, бо болға ба сари ӯ зада, ӯро ба замин афтонида, сипас бо корди хоҷагӣ ба аъзои баданаш зада, ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст. Баъдан, ӯ духтари хурдсоли 6-солаашро, ки аз тарс дод задааст, бо корди хоҷагӣ ба баданаш зада, ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст.
“Сипас, номбурда аз ҳуҷраи хоби худ берун баромада, бо болға ва корд ба ҳуҷраи хоби падари 66-солааш даромада, аз сабаби он, ки падараш мунтазам ӯро барои аз шаҳрвандон қарз гирифтанаш маломат мекардааст, ба сари падараш низ 4-5-маротиба бо болға зада, ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст.Ҳамин тариқ, дастгиршуда дар вақти аз ҳуҷраи хоби падараш берун баромадан ҳамсояаш марди 41-соларо, ки овози доду фиғонро шунида, бо мақсади хабаргирӣ ба ҳавлии онҳо омада буд, бе ягон асос ба сараш бо болға зада, ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст”, – гуфта мешавад дар гузориши ВКД.
Тафтиши ин ҳодиса идома дорад.

Тавре қаблан хабар додем, Султонов Мирзомалик, сокини 32-солаи ҷамоати шаҳраки Дӯстии ноҳияи Ҷайҳун бо иттиҳоми одамкушӣ дастгир шудааст. Офоқ Қодириён, сухангӯи РВКД вилояти Хатлон дар  шарҳи ин қазия гуфт, “Султонов Мирзомалик, соли таваллудаш 1989, ҳамсараш Мирова Гулнигор, соли таваллудаш 1987-ро, дар пайи рашки беасос, дар дохили бошишгоҳи саҳроӣ, бо корди хоҷагӣ бо як бераҳмии махсус чанд маротиба ба узвҳои муҳими баданаш задааст, ки ҷабрдида дар ҷои ҳодиса, аз ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонии бардоштааш ба ҳалокат расидааст. Баъдан Султонов М. бо корд ба бадани худ низ чанд зарба мезанад.
Аз навори хабарҳои рӯзи 18 марти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Захмӣ намудани зану фарзанд, падар ва ҳамсоя дар заминаи муноқиша

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 41-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ориёни ноҳияи Ашт бо гумони сӯиқасд ба одамкушӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, рӯзи 16-уми марти соли 2021, тахминан соати 16:30-дақиқа, дар хонаи истиқоматиаш бо ҳамсараш зани 39-сола муноқиша карда, бо болға ба сари ӯ зада, ӯро ба замин афтонида, сипас бо корди хоҷагӣ ба аъзои баданаш зада, ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст.
Баъдан, духтари хурдсоли 6-солаашро, ки аз тарс дод задааст, бо корди хоҷагӣ ба баданаш зада, ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст.
Сипас, номбурда аз ҳуҷраи хоби худ берун баромада, бо болға ва корд ба ҳуҷраи хоби падари 66-солааш даромада, аз сабаби он, ки падараш мунтазам ӯро барои аз шаҳрвандон қарз гирифтанаш маломат мекардааст, ба сари падараш низ 4-5-маротиба бо болға зада, ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст.
Ҳамин тариқ, номбурда дар вақти аз ҳуҷраи хоби падараш берун баромадан ҳамсояаш марди 41-соларо, ки овози доду фиғонро шунида, бо мақсади хабаргирӣ ба ҳавлии истиқоматии онҳо омада буд, бе ягон асос ба сараш бо болға зада, ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ бо истифода аз санг

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 33-солаи сокини шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 21-уми феврали соли 2021, тахминан соати 21:30-дақиқа, дар ҷамоати деҳоти Ошобаи ноҳияи мазкур бо марди 34-солаи сокини шаҳраки Шайдони ҳамин ноҳия вохӯрда, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо санг 1 маротиба ба сари ҷабрдида задааст.
Мувофиқи хулосаи Тахшиси судӣ-тиббӣ ҷароҳати бардоштаи ҷабрдида зарари вазнин ба саломатӣ мансуб мебошад.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳури Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Ошкор гардидани ҷинояти дуздӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи Қубодиён бо ариза ҷавони 20-солаи сокини ҷамоати деҳоти 50-солагии ноҳияи А.Ҷомӣ муроҷиат намудааст, ки рӯзи 10-уми марти соли 2021, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз хонаи истиқоматии иҷоравиаш, воқеъ дар ҷамоати шаҳраки Қубодиён, 60 сомонӣ ва 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг А-10”-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 1 ҳазору 560-сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 19-солаи сокини ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Вахш ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.

Ифшо гардидани кирдорҳои қаллобӣ

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 45-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки соли 2015 пирамарди 71-солаи сокини ноҳияи Вахш, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 10 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағи гирифтаашро барнагардонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қими 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Инчунин, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ бо ариза марди 48-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки солҳои 2014-2015 марди 48-солаи сокини ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи мазкур бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 800 ҳазор рубли русӣ гирифта, ваъда додааст, ки пас аз 2 моҳ маблағи гирифтаашро бармегардонад, аммо то ҳол маблағи гирифтаашро барнагардонидааст.
Ҳамзамон, номбурда солҳои 2014-2015 бо ҳамин роҳ ба боварии марди 38-солаи сокини ҷамоати деҳоти Зайнабободи ҳамин ноҳия даромада, аз ӯ 1 милиону 200 ҳазор рубли русӣ гирифта, ваъда додааст, ки аз заминҳои наздиҳавлигиаш 0,08 га замин ҷудо карда медиҳад, аммо то ҳол ӯро фиреб дода гаштааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Ошкор шудани ҷинояти куштор

Дар заминаи муноқишаву ҷанҷолҳои оилавӣ дар ҷамоати шаҳраки Дӯстии ноҳияи Ҷайҳун, сокини ноҳияи мазкур Султонов Мирзомалик, соли таваллудаш 1989, ҳамсараш Мирова Гулнигор, соли таваллудаш 1987-ро, дар пайи рашки беасос, дар дохили бошишгоҳи саҳроӣ, бо корди хоҷагӣ бо як бераҳмии махсус чанд маротиба ба узвҳои муҳими баданаш задааст, ки ҷабрдида дар ҷои ҳодиса, аз ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонии бардоштааш ба ҳалокат расидааст. Баъдан Султонов М. бо корд ба бадани худ низ чанд зарба мезанад.
Куштори бераҳмонаи ин зан бори дигар аҳли ҷомеаро ҳушдор медиҳад, ки дар миёни мо ҳастанд нафароне, ки қадру манзалати инсонҳо назди ин тоифаи разилу камназар қиммате надорад.
Нисбати Султонов Мирзомалик дар Прокуратураи ноҳияи Ҷайҳун парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Чумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Офоқ Қодириён, подполковники милитсия

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.