расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Ҷасади Сафияхонро дар Ӯзбекистон ёфтаанд

АХБОРИ ОҶИЛ / Ҳаводис

Ҷасади Сафияхонро дар Ӯзбекистон ёфтаанд

Баъди як моҳ, ҷасади Сафияхон Раҳматоваи 10-соларо аз шаҳри Ширини вилояти Сирдарёи Ӯзбекистон дарёфт карданд. 
Дар ин бора Мирзораҳим Абдуллоев, роҳбари бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи шаҳри Хуҷанд ба "Азия-Плюс" хабар дод. 
Манбаъ гуфт, ҷасад ӯро кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқудодаи Ӯзбекистон имрӯз,12-уми март тақрибан соатҳои 15:15дарёфт кардаанд. 
Ҳоло ҷасади духтарак дар яке аз сардхонаҳои Ӯзбекистон аст  ва рӯзҳои наздик ба пайвандонаш дода мешавад.
Қаблан, КҲФ Тоҷикистон барои пайдо кардани ҷасади ин духтарча дар ҳудуди Ӯзбекистон ба унвонии КҲФ ин кишвар мактуб ирсол карда буд.
Сафияхон Раҳматова 7-уми феврали соли 2024 бедарак шуд. Охирин маротиба ӯ дар наворе, ки аз кӯчаи Раҳмон Набиев, назди боғи Камоли Хуҷандӣ, лаби дарёи Сир бардошта шудааст, дида мешавад. Хонаи онҳо дар ин мавзеъ воқеъ аст. 
Дар он навор мушоҳида мешуд, ки духтараке дар канори роҳ медавад ва ба соҳили дарёи Сир мефарояд. Пас аз ин, Сафияхон нопадид мегардад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.