расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » ТАФСИЛОТИ МАРГИ ФОҶИАВИИ МУЗАФФАР ДАВЛАТОВ ВА ҲАМСАРУ 4 ФАРЗАНДИ Ӯ

АХБОРИ ОҶИЛ / Ҷомеа

ТАФСИЛОТИ МАРГИ ФОҶИАВИИ МУЗАФФАР ДАВЛАТОВ ВА ҲАМСАРУ 4 ФАРЗАНДИ Ӯ

ТАФСИЛОТИ МАРГИ ФОҶИАВИИ МУЗАФФАР ДАВЛАТОВ ВА ҲАМСАРУ 4 ФАРЗАНДИ Ӯ 
Марги Музаффар Давлатов, ҳамсар ва чор кӯдакаш дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе наздиконро дар мотам нишонд. Музаффар Давлатов аз соли 2018, дар маҳаллаи “Гравзавод”-и Душанбе зиндагӣ мекард. Ӯ соҳиби панҷ фарзанд буд. Чор нафарашон шаби 27 ба 28-уми феврал ҳамроҳи падару модар фавтиданд. Абубакр, писари калони хонавода, ҳамроҳи волидони Музаффар дар хобгоҳе дар Душанбе зиндагӣ мекунад. Аз ин хонавода танҳо ӯ дар ҳаёт монд. Абубакр ҳоли гап задан надорад, чун дар як шаб падару модар ва чор додару хоҳарашро аз даст дод.
Бозоралӣ Латифов, падари Музаффар Давлатов мегӯяд, як шаб пеш аз ҳодиса ба писараш занг зада, гуфтааст, ҳамсару кӯдаконашро гирифта ба назди ӯ ояд. Аммо Музаффар Давлатов рад карда, гуфтааст, “дар хона лахча рӯшан мекунад, то фарзандонаш хунук нахӯранд. Падараш мегӯяд, Музаффарро аз ин кор манъ кард: “Гуфтам, ки сандалӣ накун, ту ҷойи печка дорӣ, ҳезум дорӣ, хона биё, саҳарӣ рафта печката мегузорем. Аммо гуфт, ки агар ба хонаи ман биёяд, зуком аз фарзандони ӯ ба кӯдакони дигар мегузарад. Саҳар хеста чанд маротиба ба писарам ва келин занг задам, ҷавоб надоданд..."

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.