расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Аз 350 то 2800 сомонӣ. Дар Тоҷикистон барои нобудсозии нақлиёт пардохти ҳатмӣ ворид шуд

АХБОРИ ОҶИЛ / Иқтисодиёт

Аз 350 то 2800 сомонӣ. Дар Тоҷикистон барои нобудсозии нақлиёт пардохти ҳатмӣ ворид шуд

Онро ҳамаи соҳибони нақлиёт як маротиба пардохт мекунанд.

Акси марбута
Сурат: аз osnmedia.ru
Дар Тоҷикистон соҳибони воситаҳои нақлиёт барои нобудсозии автомобилҳо аз 350 то 2800 сомонӣ маблағ пардохт бояд кунанд. Ин маблағ дар тамоми давраи фаъолияти нақлиёт як маротиба пардохт карда мешавад ва онро Бозрасии давлатии автомобилӣ (БДА) ҷамъоварӣ мекунад. Дар ин бора Саидмумин Ҳасанзода, як масъули баланмақоми БДА ба “Азия-Плюс” хабар дод.
Чанд рӯзи охир, соҳибони воситаҳои нақлиёт дар Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ нигаронӣ мекунанд, ки аз онҳо “андози нав” ё “пардохти ҳатмӣ” барои нобудсозӣ ё “утилизатсия”-и мошинҳо талаб мекунад.  Онҳо бо нашри акси ин санад, ки дар он “Талон оид ба супоридани маблағи пардохт барои нобудсозӣ (утилизатсия)-и воситаҳои нақлиёти автомобилӣ” дарҷ шудааст, гуфтанд, дар БДА бидуни супоридани ин намуди пардохти ҳатмӣ мошинҳояшонро ҳуҷҷатгузорӣ намекунанд.
Саидмумин Ҳасанзода, сардори шуъбаи ташвиқот ва тарғиботи раёсати БДА имрӯз, 25-уми январи соли равон дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, воқеан чунин пардохти ҳамтӣ барои соҳибони воистаҳои нақлиёт дар асоси қарори ҳукумат аз 30-юми декабри соли 2023 ҷорӣ шудааст.
Ба иттилои ӯ:
- барои соҳибони мототсиклҳо пардохти ҳатмӣ барои нобудсозӣ 350 сомонӣ ё 5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
- барои мошинҳои сабукрав ва нақлиёте, ки аз 10 одам бештар намекашонанд, 1540 сомонӣ ё 22 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
- барои камаз, кранҳо ё воситаҳои нақлиёти гаронвазн 2800 сомонӣ ё 40 нишондиҳанда барои ҳисбоҳо муқарар шудааст.
Ин масъули БДА гуфт, ин маблағ дар тамоми вақти фаъолияти нақлиёт як маротиба пардохт гардида, санади тасдиқкунанда ҳам дода мешавад.

Яке аз корбарони фейсбук ин аксро гузошта навтиштааст, ки ин ҳуҷҷатест, ки бар ивази пардохти маблағ барои нобудсозӣ дода мешавад.Акс аз саҳифаи фейсбук
Бояд гуфт, ки 26-уми декабри соли 2023 парлумони Тоҷикистон дар як ҷаласаи худ тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷетро қабул карда буд, ки дар асоси он супоридани маблағ барои нобудсозии нақлиёт ҳатмӣ шуд.
Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон зимни муаррифии он дар назди вакилони парлумон гуфт, ки он “бо мақсади таъмини бехатарии экологӣ, ҳифзи саломатии шаҳрвандон ва муҳити зист аз таъсири зарари партовҳо, инчунин дарёфти сарчашмаҳои иловагӣ ба қисми даромади буҷети давлатӣ таҳия гардидааст”.
Ӯ афзуд, ин тасмим аз рӯи қонунгузории Ӯзбекистон, Қирғизис­тон, Қазоқистон, Беларус ва Русия гирифта шудааст, ки дар онҳо барои нобудсозии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ пардохти яккарата муқаррар шудааст.
“Пардохти мазкур аз ҳар як воситаи нақлиёти автомобилӣ як маротиба ситонида шуда, аз натиҷаи он ба соҳиби воситаи нақлиёт ҳуҷҷати тасдиқкунанда дода мешавад, ки он то давраи нобудсозии воситаи нақлиёти автомобилӣ эътибор дорад. Иқдоми мазкур барои ворид гардидани маблағҳои иловагӣ ба буҷети давлатӣ замина гузошта, барои татбиқи чорабиниҳои дахлдор бобати таъмини вазъи мусоиди экологӣ дар кишвар мусоидат менамояд”, - зикр кард, вазири молияи кишвар.
Он замон меъёри пардохти ҳатмӣ маълум набуд ва шарҳ дода шуда буд, ки бо қарори алоҳидаи ҳукумати кишвар меъёри нишондиҳанда барои нобдусозии мошинҳо маълум карда мешавад.
Дар он ҷаласа, Ғиёсиддин Ашӯрзода, вакили парлумон бо дастгирӣ ба ин тағйиру иловаҳо ба қонун баромад карда, гуфта буд, ки барои намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулии кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, ки дар Тоҷикистон аккредитатсия гардидаанд, бо шарти аз ҳудуди кишвар бозпас баровардани воситаҳои нақлиёти автомобилии қаблан вориднамудаашон, имтиёз муқаррар мешавад.
Маълум нест, ки имтиёз чиро дар бар мегирад: озод кардан ё кам кардани пардохти маблағ барои нобдусозии нақлиёт.
Ҳамчунин, зикр намегардад, ки раванди нобудсозии воситаи нақлиёт чӣ гуна ҷараён мегирад ва барои ин, чӣ шароит фароҳам оварда мешавад.
Гузашта аз ин, на вазири молия ва на вакилони парлумон шарҳ надоданд, ки “чорабиниҳои дахлдор бобати таъмини вазъи мусоиди экологӣ дар кишвар” кадом аст, ки бо ҷамъ кардани маблағ барои нобудсозии воситаи нақлиёт, онҳоро татбиқ карданианд.
Бояд гуфт, пардохти нави ҳатмӣ барои соҳибони нақлиёт дар кишвар дар ҳолест, ки ҳамасола соҳибони мошинҳо барои аз қайд гузаштан дар БДА садҳо сомонӣ пардохт мекунанд. Ин пардохтҳо аз экология то суғуртаву дигар сандаҳоро дар бар мегирад. 

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.