расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » ВМКБ-ро боз заминларза такон дод: Сарез дар чӣ ҳол аст?

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа

ВМКБ-ро боз заминларза такон дод: Сарез дар чӣ ҳол аст?

Дар қисмати шарқии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар минтақаҳои наздик ба кӯли Сарез боз ҷунбиши замин ба қайд гирифта шудааст

Марказҳои зилзилашиносии минтақа аз сабти заминларзаи 4-баллӣ дар шарқи ВМКБ, дар наздикии кули Сарез иттилоъ доданд.
Ба иттилои манбаъ, маркази заминларза дар умқи 147 километр ҷойгир будааст.
Маврид ба зикр аст, ки тайи рӯзҳои охир ВМКБ, асосан қимати шарқии онро силсилаи заминҷунбиҳо фаро гирифтаанд.
Аз ҷумлаи рӯзҳои зилзилахез 23 феврал буд, ки то нисфирӯзӣ дасти кам 8 маротиба замин дар ВМКБ ҷунбидаст.
Ба иттилои КҲФ қавитарини ин заминларзаҳо 67 километрии ғарби маркази ноҳияи Мурғоб, 400 км ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе ва 30 км шарқтари кӯли Сарез буд, ки қувваи он дар марказ 6,8 балл будаст.
КҲФ мегӯяд, системаи мониторинг ва огоҳсозии бармаҳали кӯли Сарез чун ҳарвақта фаъол буда, яон ҷунбише ё тағйироте ба қайд гирифта нашудааст.
Ҷараёни об ва масрафи он дар кӯли Сарез бе тағйир буд. Яъне, ҷараён он 39 метри мукааб дар ҳар сония ва масрафи он 45 метри мураббаъ дар як сония мебошад, тавзеҳ дода буд КҲФ.
Ин ниҳод хотиррасон намуд, ки соли 2015 дар қаламрави кӯли Сарез заминларза бо қувваи 7,3 балл рух дода, боиси резиши сангу рег шуда буд, вале он замон низ дар сарбанди Усой ягон тағйирот ба чашм нарасида буд.

Манбаъ

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.