расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Чаро биринҷ дар Тоҷикистон қимат шуд?

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Иқтисодиёт

Чаро биринҷ дар Тоҷикистон қимат шуд?


Дар даҳаи ахири моҳи декабр, дар остонаи Соли нави мелодӣ биринҷ дар Тоҷикистон қимат шуд. Имрӯз нархи чаканаи 1 кило биринҷ дар Душанбе ба ҳисоби миёна на камтар аз 20 сомониро ташкил медиҳад, ки 5 сомонӣ зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 аст.
Дар бораи ҳаҷми ҳосили биринҷ дар соли 2022 ҳоло маълумот дастрас нест, лекин дар соли 2021 140 ҳазор тонна ҳосили бирнҷ ҷамъоварӣ шудааст. Тайи 5 соли ахир истеҳсоли биринҷ дар Тоҷикистон ҳамасола зиёд мешавад. Агар соли 2017 кишоварзони ҷумҳурӣ 95 ҳазор тонна ҳосил гирифта бошанд, пас баъди 5 сол ин нишондиҳанда 45 ҳазор тонна афзуд.
Дар Тоҷикистон дар навбати аввал оши палав ба ин маҳсулот марбут аст ва ягон чорабинӣ, аз ҷумла Соли нав бе он намегузарад.
Дар ҳар кадоме аз минтақаҳои Тоҷикистон навъи худии биринҷ парвариш карда шуда, маъруфтаринашон “Девзира”, “Биринҷи Исфара”, “Биринҷи Тошканд”, “Юбилей”, “Лазер” ва дигар навъҳо мебошанд. Ғайр аз ин, дар бозор ва супермаркетҳои Тоҷикистон бо биринҷҳои аз Қазоқистон, Русия, Чин, Ҳиндустон, Таиланд ва дигар кишварҳо воридшуда дучор шудан мумкин аст.Дар Тоҷикистон шолӣ бештар ҳамчун зироати дуюм бо усули анъанавӣ ё шинонидан парвариш карда мешавад.

Тоҷикистон воридоти биринҷро кам мекунад

Ҳосили шолӣ имсол хеле хуб шуд. Холмаҳмад Турсунов, як кишоварз аз Турсунзода, мегӯяд, ки вобаста ба обуҳаво ва камбуди об ҳеҷ мушкиле вуҷуд надошт.
“Аз ҳар як гектар мо аз 5 то 8 тонна ҳосили шолӣ мегирем”, - иброз дошт фермер.Аз лиҳози ҳосилнокӣ Тоҷикитсон дар қатори кишварҳое чун Австралия, ИМА, Миср, Корея, Уругвай, Испания ва дигар кишварҳо ба 10-гонаи беҳтаринҳо дохил мешавад, ки аз дар онҳо аз 1 гектар аз 7 то 10 тонна биринҷи тозанашуда ҳосил гирифта мешавад.
Сарфи назар аз нишондиҳандаҳои хуб, нархи биринҷ имсол боло рафт ва ин тамоил идома дорад.
Яке аз навъҳои писандида ва нисбатан арзони биринҷ - «Юбилейный», ки 1 килояш 10-12 сомонӣ нарх дошт, имрӯз яклухт бо арзиши 17 сомонӣ фурӯхта мешавад.
Шолипарварон сабабҳои асосиеро, ки ба болоравии нархи ин маҳсулот боис гардиданд, номбар мекунанд.
Тоҷикистон ба умеди истеҳсоли худӣ воридоти биринҷро кам мекунад. Биринҷ аз даҳҳо кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Чин, Ветнам, Таиланд, Ҳиндустон, Русия ва дигар давлатҳо харида мешавад. Лекин ҳиссаи асосӣ ба Қазоқистон рост меояд. Тибқи маълуомти Агентии омор, соли 2021 Тоҷикистон аз Қазоқистон ба маблағи 10,5 млн доллар ҳудуди 39 ҳазор ва аз Русия - ба маблағи 1,4 млн доллар наздики 4,8 ҳазор тонна биринҷ харидааст.
Дар Тоҷикистон ба ҳар сари аҳолӣ 14 кило биринҷ дар як сол истеҳсол мешавад. Дар ҳамин ҳол, истеъмоли биринҷ дар ҷаҳон ба ҳисоби миёна ҳудуди 57 кило дар як сол аст. Ба ин тариқ, барои пурра қонеъ намудани талаботи аҳолӣ дар Тоҷикистон биринҷ намерасад.

Истеҳсоли биринҷ қимат мешавад

Боз як сабаби дигар болоравии арзиши аслии биринҷ аст. Гап сари он аст, ки натанҳо талабот ба ин маҳсулот доимо зиёд аст, балки парвариши биринҷ яке аз серхароҷоттарин маҳсуб меёбад.
Илова бар ин, имсол шоликорон бо гаронии нуриҳои минералӣ ва маҳсулоти кишт (тухмӣ) дучор шуданд.
Тибқи назарсанҷӣ байни истеҳсолкунандагон, сабаби асосии болоравии нарх гаронии нуриҳои минералӣ, маводи сӯзишворӣ, хидматрасонии техника  ва коргарони кироя, воситаҳои муҳофизати кимиёвӣ мебошад.
Барои парвариши биринҷ оби хеле зиёд лозим аст. Мутаносибан пардохт барои обёрӣ баландтарин дар ҷумҳурӣ мебошад. Ба гуфтаи деҳқонон, онҳо ба идораи хоҷагии об барои 1 гектар замини шолӣ 500 сомонӣ пардохт мекунанд.
Барои ҳосили дилхоҳ гирифтан меъёри додани нурҳои минералиро риоя кардан лозим аст - 1 тнна нуриҳои азот, фосфор, калий дар маҷмӯъ. Нархи 1 килои онҳо аз 10 то 12 сомониро ташкил медиҳад.
Барои истифодаи хидматрасонии техника аз кишт то ҷамъоварии ҳосил ҳудуди 5-10 ҳазор сомонӣ хароҷот кардан лозим меояд.
Шоликор ҳамчунин барои 1 рӯзи корӣ сарфи назар аз хӯрок, ба коргарони кироя 80-100 сомонӣ пардохт мекунад, ки дар як мавсим ҳудуди 15 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Хулоса, хароҷоти парвариши шолӣ хеле гарон аст, аз ин рӯ, бо нархи арзон фурӯхтани он имкон надорад.
Бо як сабаби дигараш дар он аст, ки дар муқоиса бо дигар зироатҳо, барои парвариши шолӣ зиёдтар андоз мегиранд.
Тибқи Кодекси андоз, низоми соддашудаи андозбандӣ нисбат ба истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ бидуни коркарди минбаъдаи саноатӣ мавриди амал қарор мегирад. Кишоварз аз пардохти андоз аз даромад, андоз аз арзиши иловашуда ва андози замин озод аст.
Амалиёти технологии вобаста ба истеҳсоли маҳсулоти тайёр аз ашёи хоми кишоварзӣ, ки аз коркарди аввалия гузаштаанд, коркарди саноатӣ ба ҳисоб рафта, аз он андозҳои дахлдор ситонида мешаванд.
Ҳоло мақомоти андози маҳаллӣ бо ишора ба коркарди саноатии биринҷ пас аз ҷамъоварии ҳосил аз шоликорон 6 фоиз андози иловагӣ мегиранд. Шоликорон бошанд, поксозии пас аз ҳосилро коркарди ғайрисаноатӣ арзёбӣ мекунанд ва бар ин боваранд, ки ин амалиёт набояд андозбандӣ шавад.
Фермер Мамадқул Шоймардонов чунин ҳисоб кардааст: агар аз 1 гектар 4 тонна шолӣ гиред, ки нархи миёнаи 1 килояш дар бозор 15 сомонӣ аст, шумо бояд 3600 сомонӣ андози иловагӣ супоред. Ҳамин тариқ, арзиши 1 кило биринҷ боз 1 сомонӣ боло меравад.
Фермер бар ин назар аст, ки дар сурати аз ҷониби корхонаи коркард пардохт шудани коркарди саноатии биринҷ, ки хидматрасониаш пардохт мешавад, "ин андозбандии дукарата аст". Ӯ ба дастуре ишора мекунад, ки тоза кардан ва хушк кардани зироатҳо аз андоз озод аст.
“Деҳқоне, ки биринҷро ба осиёби обҷувоз мебарад, бояд аз соҳибаш дар бораи ҳаҷми маҳсулоти тозашуда маълумотнома (справка) гирад, аммо мутаассифона, осиёбҳо чунин маълумотнома намедиҳанд, - мегӯяд деҳқон Холмурод Эргашев. -Агар деҳқон 1 тонна биринҷро тоза кунад, соҳиби обҷувоз аз ӯ барои пардохти ҳаққи хидматаш на камтар аз 50 кг биринҷ ё пули онро мегирад.Лекин сарфи назар аз ҳамаи ин хароҷот, нархи биринҷ набояд аз 15 сомонӣ боло мерафт, аммо ин ҷо миёнаравон ҳастанд, ки 1 кило биринҷро аз деҳқон бо нархи 8-13 сомонӣ харида, сипас 18-25 сомонӣ мефурӯшанд”.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.