расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Сафорат ҷасади модару духтари фавтидаро аз Русия ба Тоҷикистон мефиристад

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа

Сафорат ҷасади модару духтари фавтидаро аз Русия ба Тоҷикистон мефиристад

Сафорати Тоҷикистон дар Русия ҷасади Шоира Раҳимқулова, муҳоҷири 23-солаи тоҷик ва духтари чорсолаи ӯро, ки як ҳафта пештар дар вилояти Маскав аз бӯи газ заҳролуд шуда, фавтидаанд, ба ватан интиқол медиҳад.
Як намояндаи сафорат дар суҳбати катбӣ бо “Азия-Плюс” гуфт, онҳо бо мақомоти дахлдори Федератсияи Русия дар ҳамкорӣ қарор доранд ва ин қазияро аз рӯзҳои аввал пайгирӣ доранд.
Ба гуфтаи манбаъи мо, дар интиқоли ҷасад мушкилӣ танҳо дар он буд, ки “хешовандони наздики фавтидагон дар Федератсияи Русия қарор надоштанд ва ба таври маълум, ҷасадҳо танҳо ба хешовандони наздик супорида мешаванд”
Онҳо гуфтаанд, аз ҷониби сафорати Тоҷикистон дар Русия ҳамаи кӯмакҳои зарурӣ барои интиқол додани ҷасадҳо ба Ватан сурат гирифта истодаанд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 14-уми декабр Сафорати Тоҷикистон дар Русия аз марги  се шаҳрванди  Тоҷикистон дар натиҷаи заҳролудшавӣ аз гази табиӣ дар як хонаи истиқоматӣ хабар дода буд. Гуфта мешуд, ки ҳодисаи 13-уми декабр, дар ноҳияи Раменскийи вилояти Маскав рух дода, фавтидагон ду калонсол ва як кӯдак будаанд.
Баъдан маълум гардид, ки онҳо Шоира Раҳимқулова ҳамроҳи Умигулсун Пирхонова, духтари чорсолааш ва Далер ном муҳоҷири дигари тоҷик будаанд, ки дар яке аз хонаҳои сарватманди чинӣ кор мекарданд. 
Қаблан, Парвина Абдуллоева, духтари холаи Шоира дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки дар Русия касе надоранд ва намедонанд, ки чӣ тавр ҷасадҳоро аз сардхона (МОРГ) гирифта ба ватан фиристанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.