расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » “Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”. СММ пешниҳоди Тоҷикистонро ҷонибдорӣ кард.

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷаҳон

“Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”. СММ пешниҳоди Тоҷикистонро ҷонибдорӣ кард.

Дирӯз, 14-уми декабр, Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи 77-уми худ бо пешниҳоди Тоҷикистон ва ҷонибдории 153 кишвари узви ин созмон соли 2025-ро “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” эълон кард. Дар ин бора сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
“Он яке аз қатъномаҳои нодир ба ҳисоб меравад, зеро дар он ҳам эълони Рӯзи байналмилалӣ ва ҳам Соли байналмилалӣ дарҷ гардидааст”, - гуфта мешавад дар ин хабар.
Ин ташаббус ҳанӯз моҳи марти соли 2021, зимни нахустин ҷаласаи пешвоёни Эътилофи обу иқлим аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон ироа шуда буд.
Он замон Президенти Тоҷикистон таъкид намуда буд, ки обшавии босуръати пиряхҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки аз афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои манфӣ оварда расонад. Аз ин лиҳоз, пешниҳод гардид, ки ҷиҳати тамаркуз кардан ба масъалаи мазкур дар сатҳи байналмилалӣ, соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо муайян гардида, Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шавад.
Ҳамин тавр, СММ бо мазмуни зайл қатънома қабул кард:
- Эълон гардидани 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;
- Эълон шудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;
-Дар назди СММ таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо;
- Дар соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар ш.Душанбе.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.