расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Бозпурсии туркманистониҳо пеш ва баъд аз сафар ба Узбекистон

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа

Бозпурсии туркманистониҳо пеш ва баъд аз сафар ба Узбекистон

Маъмурони Вазорати амнияти миллии Туркманистон шаҳрвандонеро, ки мехоҳанд ба Узбекистон сафар кунанд, ба суҳбат даъват менамоянд.
Ин хабарро як ҳамсуҳбати бахши туркмании Радиои Озодӣ, ки барои суҳбат ба Вазорати амнияти миллии Туркманистон даъват шуда буд, тасдиқ кард.
"Вақте ҳамаи санадҳо барои сафар омода шудан шумо бояд барои суҳбат ба Вазорати амнияти миллӣ равед. Баъди бозгашт аз Узбекистон ҳам ба суҳбат даъват менамоянд. Бо шаҳрвандон тавре муносибат мекунанд, ки гӯё ба Узбекистон ҷосусро мефиристода бошанд", - изҳор дошт сокини Лебап.
Маъмурони амниятӣ талаб мекунанд, ки ҳангоми ҳузур доштан дар кишвари ҳамсоя дар бораи Туркманистон ҳарфи манфӣ нагӯянд. Ҳамчунин дастур мешавад, ки дар бораи чи гуна зиндагӣ кардани туркмантаборон дар Узбекистон маълумот ҷамъоварӣ кунанд.
"Дар вазорат ҳамчунин хоҳиш мекунад, ки ҳаҷми маоши кормандони низомӣ, гумрук ва муҳоҷирон дар Узбекистонро муайян кунем. Маъмурон ба шаҳрвандон дастур медиҳанд, ки ин маълумотро тавассути наздиконашон ҷамъоварӣ намоянд”, - афзудааст ҳамсуҳбати радио.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.