расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Истаравшан: Сӯхтор дар нуқтаи фурӯши сузишворӣ

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҳаводис

Истаравшан: Сӯхтор дар нуқтаи фурӯши сузишворӣ


Қаҳрамон Қодирзода, сардори шӯъбаи назорати давлатии бехатарӣ аз ҳодисаи сӯхтори Раёсати Хадамоти давлатии сӯхторнишонӣ дар вилояти Суғд бо тасдиқи ин хабар гуфт, ки сӯхтор 5-уми декабр дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории “МегаОйл”-и ҶДММ Оқтансервис рух додааст.
Дар натиҷаи сӯхтор болопӯши бинои нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, ҳуҷраҳои истироҳатӣ ва хазинавии он, дар умум 40 метри мураббаъ ба коми оташ рафтааст. Зарари ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
“Ба кормандони идораи сӯхторнишонии шаҳр соати 14:58 хабар расид. Соати 15:07 ду мошини сӯхторнишонӣ аз шаҳри Истаравшан ва ду  2 нақлиёти дигар аз ноҳияи Шаҳристон ба макони ҳодиса ҳозир шуда, соати 15:55 оташ пурра хомӯш карда шуд”, - гуфт Қаҳрамон Қодирзода.
Ҳоло сабабу омилҳои сӯхтор мушаххас карда мешавад.
Гуфтан ба маврид аст, ки дар вилояти Суғд давоми 6-рӯзи моҳи декабр 8 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудааст.
Бино ба иттилои масъулини Раёсати Хадамоти давлатии сӯхторнишонӣ дар вилояти Суғд, дар умум давоми 11 моҳи соли ҷорӣ дар ҳудуди вилоят 461 адад ҳодисаҳои сӯхтор ба қайд гирифта шудааст. Ин нишондод дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 9 фоиз зиёд мебошад.
Дар пайи ин сӯхторҳо як нафар ба ҳалокат расидааст. 

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.