расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Нигаронии Раҳмону Макрон ва даъвати Путин аз Афғонистон. Вокуниши Толибон ба изҳороти президентҳо

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷаҳон

Нигаронии Раҳмону Макрон ва даъвати Путин аз Афғонистон. Вокуниши Толибон ба изҳороти президентҳо


Намояндаи ин гуруҳ гуфтааст, ки “сулҳ дар Афғонистон кафолат дода шудааст ва ҳоҷати нигаронӣ нест”

Намояндаи Толибон* ба гуфтугӯи телефонии Эмомалӣ Раҳмон ва Эммануэл Макрон, сарони давлатҳои Тоҷикистону Фаронса, ки вазъи низомиву сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодии Афғонистонро баррасӣ карданд, вокуниш нишон додааст. Дар ин бора Телевизиони “Тулӯъ” хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ, Билол Каримӣ, муовини сухангӯи Толибон дар посух ба ин гуфтугӯи телефонии сарони давлатҳои Тоҷикистону Фаронса гуфтааст, “сулҳу субот дар Афғонистон кафолат дода шудааст ва ҳоҷат ба нигаронӣ нест”. “Кишварҳо бояд барои анҷоми тааҳҳуд ва масъулиятҳои худ дар заминаи таъмини равобиташон иқдом кунанд, дар кишвар (Афғонистон) тамоми қаламрав таҳти амнияти ҳамаҷониба қарор дорад”, - гуфтааст Билол Каримӣ. Бояд гуфт, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни як сӯҳбати телефонӣ бо Эммануэл Макрон, раисиҷумҳури Фаронса аз ҳолати кунунии Афғонистон нигаронӣ карда, атрофи вазъи низомиву сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодии Афғонистон ва дурнамои рушди он мубодилаи афкор кард. Ин изҳороти намояндаи Толибон дар ҳолест, ки вазъи Афғонистон рӯз ба рӯз печидатар мегардад ва сокинони он аз бесуботиву вазъи бади иқдисодиву иҷтимоии кишвар изҳори нигаронӣ мекунанд. Созмонҳои байналмилалӣ низ пайваста аз таъқибу кушторҳои қавмӣ гузоришҳо нашр мекунанд. Созмони Миллаи Муттаҳид низ ахиран Толибонро ба “ҷиноятҳои ҷангӣ” алайҳи занон муттаҳам намуд. Ҳамчунин, Билол Каримӣ, муовини сухангӯи Толибон ба суханронии Владимир Путин, расиҷумҳури Русия, низ дар Ереван, ки ҳукумати ҳамашумулро талаб дошт, вокуниш карда, гуфтааст, “ташкили Ҳукумат дар Афғонистон бояд танҳо ба худи афғонҳо вобаста бошад”.
“Ташаккули як низоми сиёсӣ ва ташкили ҳукумати эътилофӣ (дар Афғонистон) кори дохилии кишвар аст ва Имороти исломӣ ҳамчун ҳукумати кунунии Афғонистон ба нафъи мардуми афғон тасмим мегирад”, - гуфтааст Каримӣ.
Ин намояндаи Толибон дар хусуси тааҳҳуди ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳарф зада, дар хусуси тааҳҳуди ин гуруҳ, ғасби қудрат дар Афғонистон ва беш аз як соли ҳуқумати ғариқонунӣ дар ин кишвар чизе нагуфтааст.
Ин ҳама нигарониву гуфтумонҳо дар атрофи Афғонистон дар ҳолест, ки дар назар аст, рӯзҳои наздик Душанбе мизбони конфронси байналмилалии “Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот” гардад.
Раиси Институти мутолеоти стратегии Афғонистон, Довуди Муродиён, ки дар ҳамдастӣ бо Маркази мутолаоти Афғонистон ва минтақаи Тоҷикистон масъулияти баргузории ин конфронсро дорад, гуфтааст дар “Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот” намояндагон ҳам аз Афғонистон, ҳам минтақа ва ҳам ҷаҳон даъват шудаанд.
“Яъне ин конфронси байнулафғонӣ нест, минтақаӣ ҳам нест, балки байнулмилалӣ аст. Ширкаткунандагон аз ҷумлаи коршиносон ва намояндагони расмӣ аз Афғонистон, кишварҳои минтақа ва фароминтақа хоҳанд буд. Дар умум, конфронс ба тарафдорӣ аз касе ҳам нест, алайҳи касе ҳам нест”, - гуфт Муродиён.Бино ба иттилои ӯ, дар умум 120 меҳмон ва ширкаткунанда аз ҷумлаи коршиносон, сиёсиён, намояндагони мақомоти расмӣ, сафоратҳо ва рӯзноманигорон, ба “Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот”, аз ҷумла 40 нафар аз Афғонистон, 40 нафар аз кишварҳои хориҷӣ ва 40 нафар аз Тоҷикистон ширкат хоҳанд кард. 

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.