расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » БелАЗ интиқоли мошинҳои боркаши бузургҳаҷмро ба Тоҷикистон зиёд мекунад

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Иқтисодиёт

БелАЗ интиқоли мошинҳои боркаши бузургҳаҷмро ба Тоҷикистон зиёд мекунад


ҶСК “БелАЗ” ва Тоҷикистон дар бораи густариши ҳамкориҳо ҷиҳати бо мошинҳои боркаши калонҳаҷм таъмин кардани Тоҷикистон изҳори назар карданд, хабар медиҳад дафтари матбуоти корхонаи Беларус.
Зимни вохӯрии ҳайати ширкат аз Минск бо сарварии директори генералӣ Сергей Никифорович бо муовини аввали вазири саноат ва технолгияҳои нави Тоҷикистон Бахтиёр Шарифӣ рӯзи 18 ноябр ин масъала баррасӣ шуд.
Зимни гуфтушунид дар Душанбе имкони истеҳсоли мошинҳои махсуси иқтидори борбардориашон 30-45 тонна барои корхонаҳои истихроҷи Тоҷикистон, инчунин ба ин монанд мошинҳои бузаргҳаҷми боркаш барои лоиҳаҳои нав баррасӣ шуд.
«Белорусский автомобильный завод» (Корхонаи истеҳсоли автомобилҳои Беларус) соли 1948 таъсис дода шуда, айни замон дар он беш аз 200 навъи мошинҳои боркаш ва техникаи махсус истеҳсол карда мешаванд.
Қаблан дар Душанбе дар доираи ҳамоиши тиҷоратии Тоҷикистону Беларус намоишгоҳи махсуси Made in Belarus баргузор шуд.
Ҳамчунин рӯзи 12 октябр аз рӯи натиҷаҳои гуфтушуниди расмии сарони кишварҳои Тоҷикистону Беларус Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко дар Душанбе бастаи санадҳои ҳамкориҳои дуҷониба ба имзо расид.
Он замон Лукашенко дар бораи рушди корҳои васлу насби лифтҳои ин кишвар, ки дар Тоҷикистон муваффақона фаъолият мекунад, истеҳсоли техникаи кишоварзии истеҳсоли Беларус дар Ҳисор, инчунин то охири сол мавриди истифода қарор додани корхонаи муштараки коркарди шир дар Душанбе мусбат изҳори назар намуда буд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.