расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Ҳабси маъмурии ду ҷавондухтар пас аз таҳқиқи навори муноқиша

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа

Ҳабси маъмурии ду ҷавондухтар пас аз таҳқиқи навори муноқиша


Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ ду занро барои муноқиша ва вайрон намудани тартиботи  ҷамъиятӣ барои ҳафт рӯз равонаи ҳабс намудааст. Дар ин бора маркази матбуоти РВКД дар шаҳри Душанбе иттилоъ медиҳад.
Гуфта мешавад, ки корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ баъди нашри навори муноқишаи ду ҷавондухтар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз мақомоти милитсия дархост намуданд, ки нисбат ба онҳо  чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад.
Дар натиҷаи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавондухтарони дар навор инъикосгардида Гулпарӣ Юсуповаи 37-сола истиқоматкунандаи ноҳияи Файзобод ва Сарвиноз Каримбековаи 20-сола истиқоматкунандаи шаҳри Ҳисор боздошт гардидаанд.
Ба иттилои манбаъ, зимни пурсиш муайян карда шудааст, ки номбурдагон бо ҳам шинос буда, 19-уми ноябри соли ҷорӣ, аз сабаби рашку ҳасад, дар кӯчаи Сомонии ноҳияи Фирдавсӣ бо ҳамдигар муноқиша намуда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардаанд.
Бинобар ин, вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба ҷавондухтарон  тибқи талаботи модда 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, дар асоси Қарори суди ноҳияи Фирдавсӣ нисбат ба онҳо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 7-шабонарӯзӣ таъйин карда шуд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.