расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Путин дар бораи хидмати хориҷиён дар артиши Русия амр имзо кард

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷаҳон

Путин дар бораи хидмати хориҷиён дар артиши Русия амр имзо кард


Президенти Русия Владимир Путин рӯзи 14 ноябр дар бораи тартиби адои хидмати шаҳрвандони хориҷӣ дар Қувваҳои мусаллаҳи Русия амр ба имзо расонид. Санади дахлдор дар ин хусус дар интернет-портали иттилооти ҳуқуқӣ нашр шудааст.
Мувофиқи амри мазкур ба Муқаррарот дар бораи тартиби адои хидмат, ки 16 сентябри соли 1999 бо амри президенти Русия, тасдиқ шуда буд, тағйирот ворид карда мешавад.
“Бо муқаррароти мазкур тартиби адои хидмати шаҳрвандони дорои шаҳрвандии (табааи) давлати хориҷӣ ё дорои Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ) ё дигар санади тасдиқкунандаи ҳуқуқи иқомати доимии шаҳрванд дар қаламрави давлати хориҷӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ дар Қувваҳои мусаллаҳи Русия дар замони осоишта муайян карда мешавад”, - гуфта мешавад дар амр.Қаблан рӯзи 30 сентябр Владимир Путин амри дигареро ба имзо расонида буд, ки мувофиқи он шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, ки дар бораи адои хидмати ҳарбӣ дар Қувваҳои мусаллаҳи Русия қарордод бастаанд, метавонанд бо тартиби содашуда шаҳрвандии Русияро гиранд. Акнун хориҷиён низ ба мисли русиягиҳо метавонанд барои хидмат дар артиш қарордод имзо кунанд. Русиягиҳои дорои шаҳрвандии кишвари дуюм ба хидмати ҳатмии ҳатмӣ даъват мешаванд.
Моҳи сентябри соли ҷорӣ сафорати Тоҷикистон дар Русия шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки дар шаҳрҳои ин кишвар кору зиндагӣ мекарданд, огоҳ намуд, ки барои иштирок дар амалиёти ҳарбӣ дар қаламрави кишварҳои хориҷӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.