расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Ҳамла ба муштзан Меҳрубон Сангинов дар Душанбе. Ӯ куҷо шуд?

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Варзиш / Ҳаводис

Ҳамла ба муштзан Меҳрубон Сангинов дар Душанбе. Ӯ куҷо шуд?


Муштзан Меҳрубон Сангинов айни замон дар ИМА аз давраи табобат мегузарад. Вақте ки моҳи октябр ба Душанбе омада буд, аз зарби корд захм гирифта буд. Рӯзи 10 октябр як гурӯҳи афроди номаълум ба ӯ дарафтода, яке аз онҳо ба қисмати қафаси синааш бо корд ду зарба зада буд.
Муштзани касбии тоҷик Меҳрубон Сангнов моҳи июли соли 2022 рақибаш аз Колумбия Ҷанер Гонсалесро бо нокаут мағлуб намуда, аз зинаи 14-уми радабандӣ (рейтинг)-и Ассостисатсияи ҷаҳонии бокс якбора 5 зина - то мақомои 9-ум боло рафт. Сипас дар бораи ӯ ҳеҷ хабаре набуд. Чанд рӯз пеш  ӯ ба “Азия-Плюс” дар бораи тайи 4 моҳи ахир дар куҷо бедарак буданаш қисса кард.
Пас аз қувваозмоӣ бо Гонсалес ба ӯ имкон дода шуд, ки ҳамчун довталаби ҳатмӣ ҷиҳати соҳиб шудан ба унвони қаҳрамони ҷаҳони WBA моҳи декабри соли равон дар Орландо рақобат кунад.
Дар ин робита, Меҳрубон қарор дод, ки пеш аз оғози омодагӣ ба ин рақобат рухсатӣ гирифта, ба дидорбинии наздиконаш Душанбе ояд.
Лекин мутаассифона, дар шаҳри Душанбе ҳодисае рух дод, ки муштзан ҳатто тасаввур карда наметавонист.
“Як бегоҳӣ бачаҳо бо меҳмонони пойтахти мо ба муноқиша пардохтанд, - қисса кард ӯ. -  Ман ба онҳо эрод гирифтам, ки бо меҳмонон ин тавр рафтор кардан лозим нест. Ин вақт онҳо ногаҳон ба ман дарафтода, яке аз онҳо бо корд ба ман ду зарба зад”.Ба гуфтаи Сангинов, ки роҳбари Федератсияи бокси Душанбе низ мебошад, дар беморхонаи ёрии таъҷилии Душанбе ӯро ҷарроҳӣ намуда, барояш зери назари табибон ба муҳлати аз 2 то 4 моҳ табобат таъин намуданд.
“Се ҳафта пас аз ин ҳодиса дар Душанбе қарор дошта, пас аз ин барои идомаи муолиҷа ба ИМА  рафтам”, - мегӯяд Сангинов.
Ӯ аз он ошуфта аст, ки қувваозмоӣ бекор шуда, ӯ натавонист, ки барои унвон рақобат кунад.
“Ҳар рӯз мухлисонам менависанд, ки куҷо “бедарак шудаам”. Аз ин рӯ, лозим донистам, ки ба онҳо шарҳ бидиҳам. Шукри Худо, ки зинда мондам. Ҳатман саломатии худро барқарор намуда, ба майдон баҳри ҳимояи шарафи кишвар бармегардам”, - иброз дошт вай.
Меҳрубон Сангинов бо итминон мегӯяд, ба онҳое, ки ба ӯ ҳамла карданд, мақомот ҷазои сазовор медиҳанд.
“Ана ҳамин тавр ман ба хона рухсатӣ рафтам!”, - илова кард Меҳрубон.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • casino gaming | Гости

    Kahanga-hangang post. Biglaan lang akong napunta sa iyong weblog at gusto kong sabihin na labis akong na-enjoy sa pagtingin sa iyong mga post. Sa wakas, magiging tagasubaybay ako ng iyong feed at sana ay magkaroon ka ng bagong sulat agad! color game

    Great read! I just came across your blog and wanted to mention how much I've enjoyed reading your articles. I'll be subscribing to your feed and hope to see more posts from you soon! valentine's day jewelry promotions
    valentines jewelry

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.