расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Сироҷиддин Муҳриддин ба Сафорати Эрон рафт ва ҳамдардӣ баён кард

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Сиёсат

Сироҷиддин Муҳриддин ба Сафорати Эрон рафт ва ҳамдардӣ баён кард


Имрӯз, 10-уми ноябр, Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо ҳузур дар Сафорати Эрон дар шаҳри Душанбе, аз номи Ҳукумати Тоҷикистон ба давлат ва мардуми Эрон дар иртибот ба фоҷеаи ҳамлаи террористии чанд рӯз қабл ба ҳарами Шоҳчароғ дар шаҳри Шероз ибрози таслият намуд, хабар медиҳад ВКХ ҶТ.
Сироҷиддин Муҳриддин паёми ҳамдардиро дар китоби махсуси таъзия, ки ба ин муносибат дар Сафорати Эрон рӯзҳои 8-9-уми боз шуда буд, дарҷ кардааст.
“Зимни маҳкумияти шадиди ҳамлаи террористӣ ба Шоҳчароғ, барои қурбониён биҳишти барин ва барои маҷрӯҳон шифои комил орзу намуд”,-афзудааст манбаъ.
Гуфтан ба маврид аст, ки ҳамла ба ибодатгоҳи Шоҳчароғи шаҳри Шероз, яке аз панҷ масҷиди калони пайравони мазҳаби шиа дар Эрон, 26-уми октябр рӯй дод ва гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" ё ДОИШ* масъулияти ҳамларо ба уҳда гирифт.
Эрон дар аввал гуфт, зимни ин ҳамла 15 нафар кушта шуд, аммо баъд аз санҷиши дубора шумори қурбониёнро 13 нафар номбар кард.
Дар ҳамин ҳол, хабаргузори “Тасним”, бо нашри як гузориш ҳуввияти Субҳон Комронӣ бо номи мустаори «Абуоиша», ки ба иттилои ин хабаргузорӣ омили аслии ҳамлаи террористӣ ба ҳарами Шоҳчароғ дар шаҳр Шероз аст, ошкор кардаст. Ин хабаргузорӣ Субҳон Комрониро як узви ДОИШ гуфтааст.
Дар тасвири шиносномаи хориҷӣ, ки хабаргузории “Тасним” нашр кард, дида мешавад, ки он ба Субҳон Комронӣ таалуқ дорад ва он шиносномаи тоҷикӣ аст ва онро 8-уми сентябри соли 2017 ШВКД дар шаҳри Ҳисор додааст.
Қаблан аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар дода буданд, ки Сафорати Тоҷикистон дар Эрон барои рӯшанӣ андохтан ба қазияи ширкати Субҳон Комронӣ ном шаҳрванди Тоҷикистон, ки гуфта мешавад, моҳи гузашта дар як ибодатгоҳи шиаёни Эрон 13 касро кушт, ба мақомоти расмии Эрон мактуб ирсол кардааст.
Аз ин ниҳод гуфтанд, дар робита ба даст доштани шаҳрванди Тоҷикистон дар ҳамала ба иботадгоҳи Шоҳчароғи Шероз аз ҷониби мақомоти Эрон мактуби расмӣ дастрас накардаанд.
“Баъди пахши хабарҳо дар бораи он ки гӯё яке аз гумонбарони ҳамла шаҳрванди Тоҷикистон бо номи Субҳон Комронӣ аст, Сафорати Тоҷикистон дар Эрон ба мақомоти ин кишвар барои рӯшани андохтан ба масъала мактуби расмӣ ирсол намуд ва ҳоло интизори посух аст”, - гуфтанд аз ин ниҳод.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.