расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Молики "Facebook" ва "Instagram" 11 ҳазор кормандашро ҷавоб медиҳад

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷаҳон

Молики "Facebook" ва "Instagram" 11 ҳазор кормандашро ҷавоб медиҳад


Марк Сукерберг, раҳбари ширкати "Meta" ва молики шабакаҳои иҷтимоии "Facebook"-у "Instagram" тасмим гирифтааст, ки беш аз 11 ҳазор ҷойи корро ихтисор кунад.
Ин нахустин ихтисори густардаи кормандон дар таърихи "Meta" шумурда мешавад. Сухан аз 13 дарсади ҷойҳои корӣ дар ширкат меравад. Сукерберг ваъда додааст, барои онҳое, ки ҷои кори худро аз даст медиҳанд, дар ҳаҷми маоши 3,5-моҳа ҷубронпулӣ пардохт карда мешавад.
Сукерберг дар номааш ба кормандони ширкат гуфтааст, ки ӯ дар пасманзари пандемияи COVID-19 афзоиши талабот ба технологияҳои онлайниро аз ҳад зиёд арзёбӣ карда, сармоягузориро афзоиш додааст. Вай зикр карда, ки иқтисод поин рафта, буҷаи эъломҳо кам шудааст.
Ихтисори кормандон дар ширкатҳои дигари технологӣ низ мушоҳида мешавад. Барои намуна, шабакаи иҷтимоии "Twitter" баъди харидорӣ шуданаш аз сӯи миллиардер Илон Маск эълом кард, ки 50 дарсади кормандонашро ҷавоб додааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.