расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Дар Душанбе ҷаласаи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Русия баргузор мешавад

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Иқтисодиёт

Дар Душанбе ҷаласаи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Русия баргузор мешавад

Имрӯз, 9 ноябр дар Душанбе ҷаласаи 18-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Россия оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Гуфта мешавад, ҳайатҳои ҷонибҳоро сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва муовини раиси ҳукумати Русия Алексей Оверчук роҳбарӣ мекунанд.
Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва гуманитарии Тоҷикистон ва Русияро баррасӣ менамоянд.
Ҷласаи 17-уми Комиссия дар Маскав баргузор шуда, дар он масоили ҳамкории ҷонибҳо дар бахши кишоварзӣ, соҳаҳои тандурустӣ ва таъмини некӯаҳволии санитарӣ-эпидемиологии аҳолӣ баррасӣ шуданд.
Қаблан зикр гардида буд, ки дар зарфи 6 моҳи соли 2022 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Русия 20% афзуд. Тибқи маълумоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон, дар зарфи 9 моҳи соли равон ҳаҷми савдои дуҷониба байни Тоҷикистону Русия зиёда аз 1,22 млрд долларро ташкил додааст.
Аз Тоҷикистон ба Русия ба маблағи ҳудуди 66 млн доллар молу маҳсулот содир шуда, ҳаҷми воридоти маҳсулот аз Русия ба Тоҷикистон 1,15 млрд долларро ташкил медиҳад.
Аз Тоҷикистон ба бозори Русия асосан пахта ва сабзавоту мева интиқол дода шуда, аз Русия ба Тоҷикистон сӯзишворӣ, маснуоти чӯб, фулузот (металлҳо), маҳсулоти хӯрокворӣ ва дигар маҳсулот оварда мешавад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.