расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Соҳибкори тоҷик ба Самандар Муродов, размикори ММА хона тӯҳфа кард

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа / Варзиш

Соҳибкори тоҷик ба Самандар Муродов, размикори ММА хона тӯҳфа кард

Варзишгари тоҷик Самандар Муродов, ки дар риштаи ММА қувваозмоӣ мекунад, пас аз ғалаба бар Ҷиан Сикуэйраи бразилӣ дар мусобиқаи "Роҳ ба UFC" ба ватан баргашт. Дар Душанбе ба ӯ соҳибкори маҳаллӣ Саидҷон Холов калиди манзил дар маҷмааи истиқоматии «Себистон-2018»-ро тақдим намуд.
Дар ин бора нашрияи Sport in Tajikistan дар ВКонтакте хабар медиҳад.
"Ҳоло Самандар ҷои зист дорад ва оромона ба тамрин меравад", - омадааст дар паём.
Ёдовар мешавем, ки Самандар дар баробари Нурулло Алиев ва Муин Ғафуров сеюмин довталаби шартнома бо UFC мебошад. Кадоме аз он аввалин шуда дар риштаи UFC қувваозмоӣ мекунад, ҳоло маълум нест.
Самандар Муродов фаъолияти варзишиашро соли 2018 оғоз кардааст. Вай дар вазни 77 кг баромад мекунад. Дар ин вазн ӯ қаҳрамони Eagle Fighting Championship (EFC), як ширкати промоутерӣ оид ба муҳорибаҳои омехта мебошад, ки соли 2020 аз ҷониби Ҳабиб Нурмагомедов таъсис ёфтааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.