расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Пофишории Гордон ба истеҳсоли бесарнишинҳо дар Тоҷикистон. Мақомот тасдиқ намекунанд

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷаҳон

Пофишории Гордон ба истеҳсоли бесарнишинҳо дар Тоҷикистон. Мақомот тасдиқ намекунанд

Дмитрий Гордон
, рӯзноманигор украинӣ, ки бовар дорад Эрон дар Тоҷикистон корхонаи истеҳсоли ҳавопаймоҳои бесарнишинро ба роҳ мондааст, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост, истеҳсоли дронҳо дар хоки Тоҷикистонро таҳқиқ кунанд. Мақомоти Тоҷикистон иддаои тавлиди ҳавопаймои бесарнишинро дар Тоҷикистон тасдиқ намекунанд.
Гордон, ки чанд рӯз пеш ҳам дар робита ба истеҳсоли ҳавопаймоҳои бесарнишини эронӣ дар Тоҷикистон изҳори назар карда буд, дар суҳбат бо "Озодлик", бахши ӯзбекии Радиои Озодӣ, 31-уми октябр “аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, дар ин бора таҳқиқот гузаронанд. Маълум кунанд, ки чӣ навъи дронҳо дар Тоҷикистон истеҳсол мешаванд ё мешуданд. Дар хоки Тоҷикистон корхонаи кадом кишваре ҷой дода шудааст ва дронҳои истеҳсолшуда ба куҷо бурда мешаванд”.
Аз ин пештар, ӯ дар барномаи “Дар меҳмонии Гордон”, ки дар “Ютуб” пахш шуд, гуфта буд, Русия ҳавопаймоҳои бесарнишини эронии сохти Ӯзбекистонро дар ҷанг бар зидди Украина истифода мебарад.
Баъд аз вокуниши ВКХ Ӯзбекистон Гордон маъзаратхоҳӣ карда гуфт, ки ӯ ба ҷойи Тоҷикистон саҳван Ӯзбекистон гуфтааст. Ӯ афзуда буд, ки “Ӯзбекистон (баъдан гуфт, Тоҷикистонро дар назар дошт) ба тавлиди паҳподҳои Эрон ёрӣ медиҳад ва Русия бо истифода аз бесарнишинҳои зарбазан шаҳру деҳаҳои Украинаро вайрон мекунад”.Дар ҳамин ҳол, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон низ 30-юми октябр суханони Гордонро рад кард ва гуфт, ба кишвари сеюм таҷҳизоти низомӣ намедиҳанд.
“Мо суханони блогнависи укроинӣ Дмитрий Гордонро, ки рӯзи 28 октябри соли 2022 дар ҷараёни барномаи онлайнии "Дар меҳмонии Гордон" дар бораи тавлиди ҳавопаймоҳои бесарнишини эронӣ дар Тоҷикистон, ки гӯё дар "куштори укроиниҳо" даст доранд, рад мекунем”,- гуфта буд ВКХ Тоҷикистон.
Ин ниҳод ба Гордон тавсия дод, ки минбаъд ба чунин назарҳо бодиққат муносибат кунад ва дурустии иттилооти паҳншударо тафтиш кунад.
Баҳси тавлиди ҳавопаймоҳои бесарнишин дар Тоҷикистон
Баҳси корхонаи тавлиди ҳавопаймоҳои бесарнишини эронӣ дар Тоҷикистон чанд моҳ аст, давом дорад. Ин баҳс замоне доғ шуд, ки Қирғизистон аз харидории ҳавопаймоии бесарнишини “Байрақтар” аз Туркия хабар дод.
Баъди ин, расонаҳои эронӣ моҳи майи имсол гузориш доданд, ки дар Душанбе корхонаи тавлиди дрон ё ҳавопаймоҳои бесарнишини "Абобил-2"-и Эрон боз шудааст. Ба иттилои онҳо, дар ин маросим вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Мирзо ва сардори Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон Ҳусейн Боқирӣ ширкат карданд.
Ҷониби Тоҷикистон дар ин робита иттилои расмӣ нашр накард.
Замоне, ки Қирғизистон дар муноқишаи хунуни 14-18-уми сентябри соли равон аз ҳавопаймоҳои бесарнишин истифода кард, баҳси бунёд ва тавлиди ҳавопаймоҳои бесарнишин дар Тоҷикистон дубора боз шуд. Бисёриҳо даъво доштанд, ки дар ҳоле, ки дар Тоҷикистон чунин корхона боз шудааст, чаро дар муноқишаҳои марзӣ Тоҷикистон аз чунин ҳавопаймоҳо истифода намекунад.
Ҳамин тариқ, бо ором шудани вазъ дар сарҳад ва оғози ҷанги лафзӣ миёни сохторҳои марбутаи ду кишвар баҳси тавлид ё истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишин низ хомӯш гардид.
Инак, охири моҳи октябри соли равон ин баҳс такроран доғ шуд ва ин бор бо изҳороти рӯзноманигори украинӣ.
Мақомоти Тоҷикистон тавлиди бесарнишинҳоро тасдиқ накарданд
Дар ҳамин ҳол, мақомоти Тоҷикистон фаъол шудани корхонаи тавлиди поҳподҳоро дар Тоҷикистон тасдиқ намекунанд. Дар изҳоротии ВКХ Тоҷикистон ҳам дар бораи вуҷуди корхонаи истеҳсоли ҳавопаймоҳои бесарнишин дар Тоҷикистон ҳарфе нест ва танҳо ишора шудааст, ки Тоҷикистон ба кишвари сеюм техникаи ҳарбӣ содир намекунад ва иддаои Гордон дар бораи он ки гӯё бесарнишинҳои эронӣ, ки дар Тоҷикистон тавлид шудаанду ба "куштори укроиниҳо" даст доранд, нодуруст аст.
Ҳамин тариқ, Фаридун Маҳмадализода, сухангӯйи Вазорати дифои кишвар низ дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, онҳо баёнияи ВКХ Тоҷикистонро тасдиқ мекунанд ва фаъол шудани корхонаи истеҳсоли ҳавопаймоҳои бесарнишини эронӣ дар Тоҷикистонро тасдиқ карда наметавонад.

Гуфта мешуд, ин кишварҳо ба давлатҳои зикршуда молу маҳсулоти зери таҳрим қарордоштаро дубора содир карда метавонанд ё барои онҳо транзаксия гузаронида метавонанд. Дар сурати тасдиқи аз ҷониби онҳо риоя нашудани реҷаи таҳрим, ин кишварҳо худашон метавонанд зери таҳрим қарор гиранд.
Тоҷикистон низ ба ин рӯйхат шомил шуд
Аз ҷумла таҳримҳо метавонанд барои содирот ва содироти дубора (реэкспорт)-и техникае, ки метавонад барои ҳадафҳои низомӣ истифода шавад, аз ҷумла ҳавопаймоҳо, низомҳои гидроакустикӣ, антенна, спектрофотометр, таҷҳизоти озмоишӣ, низоми GPS, пойгоҳҳои ҳавокашӣ (насосҳои вакуумӣ), таҷҳизоти ҷустуҷӯи нафт ҷорӣ шаванд.
“Бюрои саноат ва амният (BIS) мисли пешин аз содироте, ки ба рушди технологияҳои баҳрӣ, микроэлектроника ва технологияҳои дигар мусоидат мекунад ва метавонад барои дастгирии бахши низомӣ ва дифои Русия истифода шаванд, нигарон аст. Ба ин тариқ, ҳамаи молу маҳсулоти болозикр иҷозатномаи BIS-и то содирот ва содироти дубора ба Русия ё Беларусро талаб мекунанд.
Илова бар ин, инчунин истифодаи баъзе аз ин молу маҳсулот аз ҷониби кишварҳои сеюм барои истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, ки минбаъд метавонад ба Русия ё Беларус содир шавад, манъ шудааст. Ин номгӯи пурраи молҳо набуда, аммо номгӯи молҳоест, ки махсус хатарноканд”, - зикр шуда буд дар изҳороти нашршудаи ИМА.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.