расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Мақомоти Украина гуфтанд, нерӯҳои Русия сабаби вайронии бештар шуданд

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷаҳон

Мақомоти Украина гуфтанд, нерӯҳои Русия сабаби вайронии бештар шуданд


Мақомоти Украина мегӯянд, нерӯҳои Русия ҳамлаҳоро ба саросари он кишвар идома дода, сабаби харобӣ ва марги мардуми осоишта шудаанд.
Ба қавли фармондеҳон ва мақомоти расмӣ, айни замон Русияро барои ҷанг дар вилояти стратегии Херсон дар ҷануби Украина омода мешавад.
Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Украина рӯзи 25-уми октябр гуфт, дар як рӯзи гузашта нерӯҳои Русия ба 40 маҳалла бо ҳавопаймо, мушак ва ракета зарба задаанд.
Валентин Резниченко, раиси вилояти Херсон, гуфт, дар шаҳри Днепр камаш ду нафар, аз ҷумла зани ҳомилае дар натиҷаи бомбаборони нерӯҳои Русия кушта шудааст.
Олексий Арестович, як дастёри раиси ҷумҳури Украина Владимир Зеленский, гуфт, нерӯҳои Русия ҳоло ба ҷанги сахте дар шаҳри Херсон омодагӣ мегиранд.
Нерӯҳои Украина, ки аз чанд вақт пеш ба ҳамлаҳои ҷавобӣ гузаштанд, қисме аз вилояти Херсонро аз дасти нерӯҳои Русия бозпас гирифтанд.
Русия ҳашт моҳ пеш ва дар рӯзҳои аввали ҳамла ба Украина шаҳри Херсонро ишғол карда буд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.