расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Муҳоҷиронро дар Русия санҷишҳои ҷиддӣ интизор аст

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Муҳоҷир

Муҳоҷиронро дар Русия санҷишҳои ҷиддӣ интизор аст

Тадбирҳои васеъмиқёси ҳифзи ҳуқуқ дар анклавҳои муҳоҷирон ва маҳалли зисти онҳо ба зудӣ дар саросари кишвар сурат хоҳад гирифт

Шӯрои Амнияти Русия тасмим гирифтааст, ки барои таъмини тартиботи ҳуқуқӣ дар байни муҳоҷирон тадбирҳои густурда баргузор кунад.
Дар ин бора Николай Патрушев, дабири Шӯрои амният изҳор дошт.
"Барои таъмини тартиботи ҳуқуқӣ дар ҷойҳое, ки муҳоҷирон ба таври дастаҷамъӣ зиндагӣ мекунанд, тадбирҳои васеъмиқёси пешбинишуда андешида шудаанд", - гуфт котиби Шӯрои амният.
Вай тавзеҳ дод, ки тағйироти қонунӣ барои пурзӯр кардани назорати муҳоҷират ва масъулияти шаҳрвандони хориҷӣ барои вайрон кардани қоидаҳои будубош пешбинӣ шудааст.
Ба гуфтаи ӯ, ташхиси ҳузури қонунӣ дар ин кишвар дар саросари Русия сурат мегирад.
Патрушев қайд кард, ки ҳоло зарурати мушаххас кардани вазифаҳои аввалиндараҷаи мақомоти давлатӣ дар соҳаи муҳоҷират ба миён омадааст.
Ҳамчунин ба ҳукумати Русия, вазорату идораҳои манфиатдор, ба намояндагони ваколатдори Президенти Федератсияи Русия дар ҳавзаҳои федералӣ ва роҳбарони вилоятҳои Русия супоришҳои дигар дода шуданд.
То ин вақт дар Федератсияи Русия ба мутобиқсозии иҷтимоӣ ва фарҳангии хориҷиён, ба таълими кӯдакони муҳоҷир аз рӯи барномаҳои таълимии умумии Русия таваҷҷӯҳи зиёд дода мешуд.

sputnik

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.