расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Печида: Кремл дар бораи вазъи марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҳаводис

Печида: Кремл дар бораи вазъи марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Сухангӯи раисиҷумҳури Русия, Дмитрий Песков вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро "то ҳадде мураккаб" хонд. Ӯ ин нуктаро зимни суҳбат аз тариқи шабакаи телевизионии "Россия 1" баён дошт.

Песков афзуд, ташаббускори мулоқоти сеҷонибаи роҳбарони Русия, Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки 13 октябр дар Остона баргузор шуд, президенти ФР, Владимир Путин буд.

"Бале, он бо ташаббуси президент Путин сурат гирифт. Дар маҷмӯъ, вазъ то ҳадде печида аст ва албатта, зиёд нестанд, кишварҳое ба мисли Русия, ки метавонанд барои ҳалли вазъ ва коҳиши таниш мусоидат кунанд", - гуфт сухангӯи Кремл.

Қаблан дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, дар мулоқоти сеҷониба дар Остона сарони давлатҳо оид ба масоили амнияти минтақавӣ ва субот дар Осиёи Марказӣ табодули афкор карданд.

Манбаъ афзуд, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки масъалаҳои марзии ҷойдошта танҳо бо роҳи сиёсию дипломатӣ, инчунин тавассути фаъолгардонии кори гуруҳҳои ҳукуматӣ ва коршиносон оид ба делиметатсия ва демаркатсия тибқи тавофуқоти қаблан ҳосилшуда, ҳал карда шаванд.

Маврид ба зикр аст, ки таниши ахири марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон нимаи моҳи сентябр рух дод, ки садҳо куштаю маҷруҳ аз ҳарду ҷониб барҷой гузошт. Бишкеку Душанбе ҳамдигарро дар шиддати вазъ муттаҳам мекунанд.

Сарчашма:​Sputnik​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.