расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Содироти маҳсулот аз вилояти Суғд наздик ба 800 миллион доллар расид

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Иқтисодиёт

Содироти маҳсулот аз вилояти Суғд наздик ба 800 миллион доллар расид

Ҳаҷми умумии гардиши савдо дар 9 моҳи соли равон ба 11 млрд 218,7 млн. сомонӣ ва хизматрасонии пулакӣ ба 3027,8 млн. сомонӣ баробар шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 мутаносибан 4,7 ва 10 фоизро ташкил намуд.

Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст.

Тибқи иттилои манбаъ ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилоят дар моҳҳои январ-сентябри соли 2022 ба 2 млдр 300,1 млн. доллар расонида шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 43,1 фоиз таъмин гардид.

Ҳаҷми воридот 1507,4 млн. долларро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 313,9 млн. доллар ё 26,4 фоиз афзудааст.

Содироти маҳсулот аз вилоят дар ин давра 792,7 млн. долларро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 378 млн. доллар ё 1,9 баробар зиёд мебошад.

Ҳамзамон мақоқоти вилояти Суғд хабар додааст, ки дар давраи ҳисоботӣ ба иқтисодиёти вилоят ба маблағи 171,75 млн. доллар сармоягузории ватанию хориҷӣ ҷалб гардида, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум 18,4 фоиз таъмин гардидааст.

Аз ҷумла, ба маблағи 153,15 млн. доллар сармояи хориҷӣ ва ба маблағи 18,6 млн. доллар сармояи ватанӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти вилоят равона карда шудааст.

Сарчашма:​Sputnik​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.